Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2014 № 702 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаҳои 42 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарормекунад:

1. Ба боби 38 Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 172 тасдиқ карда шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд: дар қисми 6:

- дар сархати сеюми зербанди 1 ва сархати чоруми зербанди 2 калимаи "сертификати" ба калимаҳои "талони муоинаи ҳатмии давлатии техникии" иваз карда шавад;

- сархати чоруми зербанди 1 хориҷ карда шавад;

қисми 9 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"9. Ронандагон-соҳибкорони инфиродӣ мустақиман тавассути иҷозатнома фаъолият менамоянд. Ронандагони корхонаҳо ва муассисаҳои нақлиётие, ки фаъолияти мусофиркашонӣ ё боркашониро таввассути воситаҳои нақлиёти мансуб ба моликияти ин муассиса ва ташкилот анҷом медиҳанд, инчунин ронандагоне, ки тибқи шартнома бо корхонаҳо ва муассисаҳои нақлиётии мазкур ҳамкорӣ менамоянд, дар асоси иҷозатномаи ин муассиса ва ё ташкилот фаъолият менамоянд.";

қисми 10 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"10. Фаъолияти воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, ки мусофирбарӣ ё боркашониро амалӣ менамоянд, тавассути варақаи назоратӣ, ки ҷузъи ҷудонашавандаи иҷозатномаи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои фаъолияти нақлиётӣ буда, ба ҳар як воситаи нақлиёт ба мӯҳлати иҷозатнома ва бемузд дода мешавад, танзим мегардад.

Дар варақаи назорати силсила ва рақами иҷозатнома, номи иҷозатномадор, намуди фаъолият, мӯҳлати фаъолияти иҷозатномадор нишон дода шуда бо имзо ва мӯҳри роҳбари мақомоти иҷозатномадиҳанда тасдиқ карда мешавад. Тамға ва рақами давлатии воситаи нақлиёт дар варақа аз ҷониби иҷозатномадор нишон дода мешавад.";

қисми 11 хориҷ карда шавад.

2. Ба қисми 6 Низомномаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, № 107 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар сархати дуюм пас аз калимаи "инчунин" калимаҳои "дар мувофиқа бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳҳои автомобилгард ташкили" илова карда шуда, калимаҳои "ва сайёр дар баромадгоҳҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ" хориҷ карда шаванд;

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в некоторые постановления Правительства Республики Таджикистан

В соответствии со статьями 42 и 51 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Внести в главу 38 Положения об особенностях лицензирования отдельных видов деятельности, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 апреля 2007 года, №172, следующие изменения и дополнения:

в части 6:

- в третьем абзаце подпункта 1 и четвертом абзаце подпункта 2 слова "сертификата качества" заменить словами "талон обязательного государственного технического осмотра";

- четвёртый абзац подпункта 1 исключить;

часть 9 изложить в следующей редакции:

"9. Водители-индивидуальные предприниматели, осуществляющие деятельность непосредственно посредством лицензии. Водители транспортных предприятий и учреждений, осуществляющие перевозку пассажиров и грузов транспортными средствами, принадлежащими данному учреждению и организации, а также водители, сотрудничающие с указанными транспортными предприятиями и учреждениями согласно договору, осуществляют свою деятельность на основе лицензии данного учреждения и организации.";

часть 10 изложить в следующей редакции:

- "10. Деятельность транспортных средств, осуществляющих перевозку пассажиров и грузов, регулируется контрольной карточкой, которая является неотъемлемой частью лицензии юридического лица на транспортную деятельность и выдаётся для каждого транспортного средства бесплатно на срок лицензии.

В контрольной карточке указывается серия и номер лицензии, наименование лицензиата, вид деятельности и срок деятельности лицензиата и утверждается руководителем лицензирующего органа и заверяется её печатью. Марка и государственный номер транспортного средства указывается лицензиатом в карточке .";

- часть 11 исключить.

2. Внести в часть 6 Положения о Государственной службе по надзору и регулированию в области транспорта, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2007, №107, следующие изменения и дополнения:

...