бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 14 марти соли 2000
№ 115тасдиқ шудааст
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Казоқистон, Бонки миллии Ҷумҳурии Қазоқистон дар боран тадбирҳои таъмини табдилпазирии тарафайн ва устувори қурби тангаи қазоқӣ ва рубли тоҷикӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон аз як тараф ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон, Бонки миллии Ҷумҳурии Қазоқистон аз тарафи дигар, ки минбаъд Тарафҳо ном бурда мешаванд,
бо дар назар гирифтани дар қаламрави ҳар ду давлат амал кардани низоми пули миллӣ ва ба сифати воситаи қонунии пардохт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - рубли тоҷикӣ ва дар Ҷумҳурии Қазоқистон истифода шудани тангаи қазоқӣ,
бо назардошти ҳолати ҷории муносибатҳои пардохтию ҳисоббаробаркунии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон,
бо эътирофи зарурати дар оянда анҷом додани корҳо оиди ба ҳам наздик намудани қонунгузории мавҷудаи Тарафҳо, ки муносибатҳои асъорро дар асоси озодсозии минбаъдаи онҳо ба танзим медароранд,
дар масоили зерин ба мувофиқа расиданд.
Моддаи 1
Шарти зарурии ба даст овардан ва нигоҳ доштани табдилпазирии тарафайни устувори тангаи қазоқӣ ва рубли тоҷикӣ аз ҷониби Тарафҳо амалӣ кардани тадбирҳо оид ба устуворсозии арзиши дохилӣ ва хориҷии асъори миллии онҳо мебошад.
Моддаи 2
Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки миллии Ҷумҳурии Қазоқистон мубодилаи мунтазами иттилоотро дар хусуси қурбҳои расмии тангаи қазоқӣ ва рубли тоҷикӣ, ки нисбат ба асъори хориҷӣ муқаррар намуданд, таъмин менамоянд.
Қурби расмии рубли тоҷикӣ ва тангаи қазоқӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки миллии Ҷумҳурии Казоқистон нисбат ба асъори хориҷӣ ва ҳамдигар дар асоси таносуби талаботу пешниҳод дар бозорҳои дохилии асъор муқаррар карда мешаванд. Ҳангоми мавҷуд набудани талаботу пешниҳод ба хариду фурӯши асъори миллии Тарафҳо, қурби расмии онҳо дар асоси кросс-курс (таносуби қурби ҳар ду асъор) нисбат ба доллари ИМА муқаррар карда мешаванд. Курбҳои расмии асъорҳои миллӣ ба мақсади ҳисобгирӣ ва анҷом додани пардохтҳои гумрукӣ бе уҳдадории бонкҳои марказӣ оиди харидан ё фурухтани асъори хориҷӣ аз рӯи ин қурбҳо хизмат мекунанд.
Моддаи 3
Бо мақсади ташкили бозори мутарақии дохилии асъор ва таъмини табдилпазирии тарафайни асъорҳои миллӣ дар асоси қурбҳои воқеии мубодила, Тарафҳо оид ба ташкили иқлими ҳадди ақал мусоид барои инкишофи савдои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон тадбирҳои яктарафа ва баҳамдигар мувофиқашуда меандешанд.
Моддаи 4
Ҳисоббаробаркунӣ байни субъектҳои хоҷагидории ҳар ду давлат метавонад бо тангаи қазоқӣ ва рубли тоҷикӣ, ҳамчунин бо асъори давлатҳои саввум амалӣ карда шавад.
Иштирокдорони муомилаҳои тиҷоратии (субъектҳои хоҷагидорӣ) давлатҳои Тарафҳо шакли ҳисоббаробаркунӣ, нархӣ қарордод ва асъори пардохтро мустақилона бо мувофиқаи тарафайн, ки ба қонунгузории мавҷудан дар қаламрави ҳар яке аз Тарафҳо амалкунанда ихтилоф надорад, муайян мекунанд.
Моддаи 5
Дар асоси Созишномаҳои ҷудогона Тарафҳо метавонанд ба ҳамдигар бо рубли тоҷикӣ ва тангаи қазоқӣ мутобиқи қонунгузории мавҷудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон кредит диҳанд.
Моддаи 6
Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки миллии Ҷумҳурии Қазоқистон бо мақсади таъмини табдилпазирии тарафайн ва устуворсозии қурби мубодилавии асъорҳои миллӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон метавонанд созишномаҳои зарурӣ банданд.
Моддаи 7
Тарафҳо барои ворид кардани тағйирот дар санадҳои дахлдори меъёрию ҳуқуқии давлатҳои худ бо мақсади таъмини ҳамгунсозии қоидаҳои аз ҷониби шахсони воқеии ҳар ду кишвар ворид кардану содир кардани воҳидҳои пулии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, ҳамчунин чораҳое, ки барои дар қаламрави ҳар ду давлат гузаронидани амалиёти мубодилавӣ бо воҳидҳои пулии нақди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар асоси талаботу пешниҳоди воқеи мусоидат мекунанд, тадбирҳо меандешанд.
Моддаи 8
Ҳар гуна мубоҳиса ва ихтилофи назари байни Тарафҳо нисбат ба тафсир ва ё истифодаи моддаҳои ин Созишнома, ҳамчунин баҳсҳои дигар, ки ҳуқуқу уҳдадории Тарафҳоро дар бар мегирад, бо роҳи гузаронидани машваратҳои бевоситаи байни Тарафҳои манфиатдор, музокир ё дар доираи расмиёти дигар, ки ҳукуқи байналхалкӣ пешбинӣ кардааст, ҳаллу фасл карда мешаванд.
Дар ҳолати аз ҷониби яке аз Тарафҳо вайрон кардани муқаррароти ин Созишнома, ки барои расидан ба мақсадҳои вай зиён мерасонад, тарафи дигар ҳуқуқ дорад дар хусуси боздоштани амали Созишнома ё муқаррароти ҷудогонаи вай қарор қабул намояд ва дар ин хусус тарафи дигарро фавран огоҳ месозад.
Тағйироту иловаҳо ба ин Созишнома имкон дорад бо мувофиқати хаттии тарафайни Тарафҳо ворид карда шавад.
Моддаи 9
Ин Созишнома аз таърихи мубодилаи огаҳиномаҳо дар бораи аз ҷониби Тарафҳо иҷро шудани расмиёти дохилидавлатии дар ин амр зарур, мутобиқи қонунгузории миллии давлатҳои Тарафҳо эътибор пайдо мекунад.
Дар шаҳри Душанбе 16 декабри соли 1999 дар ду нусхаи асл, ҳар кадом ба забонҳои тоҷикӣ, қазоқӣ ва русӣ омода гардид ва ҳамаи матнҳо эътибори ягонаи ҳуқуқӣ доранд. Ҳангоми ба миён омадани ихтилофи назар дар тафсири муқаррароти ин Созишнома матни русӣ асос қарор дода мешавад.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон
| Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон
Аз ҷониби Бонки миллии Ҷумҳурии Қазоқистон
|