Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1999 № 830 "Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ"

Санаи амалкуни: 27.11.2014

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ДАКТИЛОСКОПӢ

(Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 647, аз 27.11.2014 № 1143, аз 17.12.2025 № 2226)

(Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 647, аз 27.11.2014 № 1143, аз 17.12.2025 № 2226)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ, инчунин тартиби гузарондан, нигоҳдорӣ, такмилдиҳӣ, танзим ва нобуд кардани маводи дорои маълумоти бақайдгирии давлатии дактилоскопиро муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 17.12.2025 № 2226).

Моддаи 1. Мақсадҳои қонун

Бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади зайл ҷорӣ карда мешавад:

- тасдиқ кардани шахсияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқомат мекунанд ва ё панноҳгоҳ, меҷӯянд;

- муқаррар намудани шахсияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки бо сабаби вазъи саломатӣ ва ё синну сол дар бораи шахсияти худ маълумот дода наметавонанд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 647);

- муқаррар намудани шахсияти ҷасадҳои номаълум (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 647);

муайян намудани шахсияти ҷасадҳои шинохтанашуда (Қонуни ҶТ аз 17.12.2025 № 2226).

Моддаи 2. Мафҳум ва намудҳои бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ

Бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ яке аз шаклҳои тасдиқ кардани шахсияти инсон бо ёрии маълумот дар бораи расми нақши папилярии ангуштони даст, танзим, нигаҳдорӣ ва истифодабарӣ бо мақсадҳое мебошад, ки Қонуни мазкур муайян намудааст.

Тарзи қабули маълумоти нишондодашуда набояд, ки хавфе барои ҳаёт ва саломатии инсон дошта бошад, шаъну шарафи ӯро паст кунад (Қонуни ҶТ аз 17.12.2025 № 2226).

Дар ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, амалҳои зерин гузаронида мешавад:

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О государственной дактилоскопической регистрации

(в редакции Закона РТ от 29.12.2010г.№647, от 27 ноября 2014 года,№1143, от 17.12.2025 №2226)

(в редакции Закона РТ от 29.12.2010г.№647, от 27 ноября 2014 года,№1143, от 17.12.2025 №2226)

Настоящий Закон определяет правовые, экономические и организационные основы государственной дактилоскопической регистрации, а также порядок проведения, хранения, обработки, систематизации и уничтожения материальных носителей государственной дактилоскопической регистрации (в редакции Закона РТ от 17.12.2025 №2226).

Статья 1. Цели Закона

Государственная дактилоскопическая регистрация в Республике Таджикистан вводится в целях:

- удостоверения личности граждан Республики Таджикистан, иностранных граждан и лиц без гражданства, постоянно проживающих в Республике Таджикистан либо ищущих убежища;

- установления личности граждан Республики Таджикистан, иностранных граждан и лиц без гражданства, которые по состоянию здоровья или по возрасту не могут дать информацию о своей личности;

- установления личности неопознанных трупов (в редакции Закона РТ от 29.12.2010г.№647)

- розыска без вести пропавших граждан.

Статья 2. Понятие и виды государственной дактилоскопической регистрации

Государственная дактилоскопическая регистрация является одной из форм удостоверения личности человека с помощью информации о рисунке папилярного узора пальцев рук, её систематизации, хранения и использования в целях, определённых настоящим Законом.

Способ получения указанной информации не должен представлять опасность для жизни и здоровья человека, унижать его честь и достоинство.

В случаях, предусмотренных настоящим Законом, проводится:

...