Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2003, № 302 "Дар бораи тасдиқи коэффитсиентҳои ноҳиявӣ, коэффитсиент барои кор дар биёбон, ҷойҳои беоб ва ноҳияҳои баландкӯҳ"

Санаи амалкуни: 30.06.2012

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.05.2014 № 303 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи коэффитсиентҳои ноҳиявӣ, коэффитсиент барои кор дар биёбон, ҷойҳои беоб ва ноҳияҳои баландкӯҳ

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.02.2007№ 54, аз 30.06.2012 № 347)

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.02.2007№ 54, аз 30.06.2012 № 347)

Бо мақсади таҳкими ҳифзи иҷтимоии кормандон бо дарназардошти омилҳои физикию ҷуғрофӣ, иқлимӣ, тиббӣ ва шароити вазнини маишӣ барои кор дар биёбон ва ноҳияҳои баландкӯҳ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба кормандони ҳамаи соҳаҳо (ба ғайр аз хизматчиёни ҳарбӣ) барои кор дар ноҳияҳои баландкӯҳ коэффитсиентҳои зерин тасдиқ карда шаванд:

дар баландии аз 2000 то 2300 м- 1,15;

дар баландии аз 2300 то 2500 м- 1,18;

дар баландии аз 2500 то 3000 м- 1,20;

дар баландии зиёда аз 3000 м- 1,30.

2. Барои кормандони ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон амали коэффитсиенти ноҳиявии 1,20 тасдиқ карда шуда, барои дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ амали коэффитсиентҳои соҳавӣ ва ноҳиявии кор дар биёбон ва ҷойҳои беоб нигоҳ дошта шавад.

3. Аз 1 январи соли 2007 музди меҳнате, ки аз он иловапулӣ аз рӯи коэффисиентҳои ноҳиявӣ, коэффисиент барои кор дар биёбон, ҷойҳои беоб ва ноҳияҳои баландкӯҳ (ба ғайр аз ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон) ҳисоб карда мешавад, ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар карда шавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.02.2007 № 54, аз 30.06.2012 № 347).

4. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Дастурамали тартиби ҳисоби коэффитсиентҳои ноҳиявӣ, коэффитсиент барои кор дар биёбон, ҷойҳои беоб ва ноҳияҳои баландкӯҳро таҳия намояд.

...

Утратил силу в редакции постановления Правительства РТ от 03.05.2014г. №303

ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении районных коэффициентов, коэффициентов за работу в пустынных, безводных местностях и в высокогорных районах

(в редакции Постановления Правительства РТ от 2.02.2007г. №54, от 30.06.2012г.№347)

(в редакции Постановления Правительства РТ от 2.02.2007г. №54, от 30.06.2012г.№347)

В целях усиления социальной защищённости работников, с учётом неблагоприятных физико-географических, климатических и медицинских факторов, условий дискомфортности быта, за работу в пустынных, безводных местностях и в высокогорных районах Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Для работников всех отраслей за работу в высокогорных районах утвердить следующие коэффициенты (в редакции Постановления Правительства РТ от 2.02.2007 г.№54):

на высоте от 2000 до 2300м - 1,15;

на высоте от 2300 до 2500м - 1,18;

на высоте от 2500 до 3000м - 1,20;

на высоте выше 3000м - 1,30

2. Утвердить для работников всех отраслей экономики Горно-Бадахшанской автономной области районный коэффициент 1,20 в остальных районах республики сохранить действие отраслевых, районных коэффициентов за работу в пустынных и безводных местностях.

3. С 1 января 2007 года заработную плату, из которого начисляется надбавка по районным коэффициентам, коэффициентам за работу в пустынных, безводных местностях и в высокогорных районах (кроме Мургабского района Горно-Бадахшанской автономной области) установить в размере двух показателей для расчетов (в редакции Постановления Правительства РТ от 2.02.2007г. №54,от 30.06.2012г.№347).

4. Министерству труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан совместно с Министерством финансов Республики Таджикистан разработать Инструкцию о начислении районных коэффициентов, коэффициентов за работу в пустынных, безводных местностях и высокогорных районах.

...