Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014 № 303 "Дар бораи коэффитсиентҳои ноҳиявӣ, коэффитсиентҳо барои кор дар биёбон, ҷойҳои беоб ва ноҳияҳои баландкӯҳ"

Санаи амалкуни: 01.01.2019

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи коэффитсиентҳои ноҳиявӣ, коэффитсиентҳо барои кор дар биёбон, ҷойҳои беоб ва ноҳияҳои баландкӯҳ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2017 № 111, аз 1.08.2018 № 382)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2017 № 111, аз 1.08.2018 № 382)

Мутобиқи моддаҳои 143 ва 145 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади таҳкими ҳифзи иҷтимоии кормандон, бo дарназардошти омилҳои физикию ҷуғрофӣ, иқлимӣ, тиббӣ ва шароити вазнини маишӣ, барои кор дар биёбон, ҷойҳои беоб ва ноҳияҳои баландкӯҳ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2017 № 111):

1. Ба кормандони ҳамаи соҳаҳо барои кор дар ноҳияҳои баландкӯҳ коэффитсиентҳои зерин тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд):

дар баландии аз 2000 то 2300 м. - 1,15;

дар баландии аз 2300 то 2500 м. - 1,18;

дар баландии аз 2500 то 3000 м. - 1,20;

дар баландии зиёда аз 3000 м. - 1,30.

2. Барои кормандони ҳамаи соҳаҳо барои кор дар шароити махсуси табиӣ-иқлимӣ коэффитсиентҳои ноҳиявӣ ба андозаи зерин тасдиқ карда шаванд:

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - 1,20;

шаҳри Роғун - 1,15;

шаҳри Норак - 1,15.

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О районных коэффициентов, коэффициентов за работу в пустынных, безводных местностях и в высокогорных районах

(в редакции постановления Правительства РТ от 03.03.2017г.№111, от 01.08.2018г.№382)

(в редакции постановления Правительства РТ от 03.03.2017г.№111, от 01.08.2018г.№382)

В соответствии со статьями 143 и 145  Трудового кодекса Республики Таджикистан и статьей 51 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" и в целях усиления социальной защищённости работников, с учётом неблагоприятных физико-географических, климатических и медицинских факторов, условий дискомфортности быта, за работу в пустынных, безводных местностях и в высокогорных районах, Правительство Республики Таджикистан постановляет (в редакции постановления Правительства РТ от 03.03.2017г.№111):

1. Для работников всех отраслей за работу в высокогорных районах утвердить следующие коэффициенты (прилагается):

на высоте от 2000 до 2300 м. - 1,15;

на высоте от 2300 до 2500 м. - 1,18;

на высоте от 2500 до 3000 м. - 1,20;

на высоте выше 3000 м. - 1,30.

2. Утвердить для работников всех отраслей за работу в особых природных климатических условиях следующие размеры районных коэффициентов:

Горно-Бадахшанская автономная область - 1,20;

город Рогун - 1,15;

город Нурек - 1,15.

...