Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 июни соли 1997, № 264
тасдиқ карда шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 июни соли 1997, № 264
тасдиқ карда шудааст
Низомномаи Тартиби гузаронидани аттестацияи кадрҳои педагогии муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
1 МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Аттестацияи коркунони педагогии муассисаҳои таълимии давлатии ҷумҳурӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" гузаронида мешавад.
2. Аттестция ин ба таври комплексӣ муайян намудани тахассуси коркунони педагогӣ, арзёбии сифатҳои касбӣ, кордонӣ, ва шахсии педагог, натиҷаи ниҳоии меҳнати ӯ дар таълим ва тарбияи хонандагон мебошад.
3. Кормандони зерини педагогӣ бояд аз аттестация гузаранд;
- муаллимон, мураббиён, роҳбарони тайёрии тодаъватӣ, дефектологҳо ва логопедҳо ҳамаи навъҳои мактабҳои таҳсилотҳои ҳамагонӣ, лицейҳо, гимназияҳо, мактаб-интернатҳо, хонаҳои бачагон, мактабҳои шабонаю сменавӣ;
- устоҳои таълими истеҳсолӣ, методистони касбинтихобкунии марказҳои интихоби касб ва тайёрии касбии хонандагон ва хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ;
- мураббиён ва роҳбарони мусиқии муассисаҳои томактабии кӯдакона:
- методистони муассисаҳои томактабӣ ва муассисаҳои беруназмактабии давлатӣ, кабинетҳои методии шӯъбаҳои маорифи ноҳияҳо (шаҳрҳо), донишкадаҳои такмили ихтисос, факултаи такмили ихтисоси назди Донишгоҳи давлатии Хорӯғ;
...