Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "7" сентябри соли 2001 № 419
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "7" сентябри соли 2001 № 419
тасдиқ шудааст
Дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҳамин Дастур тартиби ташкили фаъолият, таҳия ва баргузории маҷлисҳо, қабули санадҳои ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад.
I. Муқаррароти умумӣ
1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлатӣ буда, ваколат дорад, тамоми масъалаҳои идораи давлатии таҳти салоҳияташ қарордоштаро мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионӣ "Дар бораи ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон", дигар қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи онҳо, фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, ҳаллу фасл намояд.
2. Фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Ҳукумат) аз баррасии коллегиалӣ ва ҳалли масъалаҳо дар ҳамбастагӣ бо масъулияти шахсии аъзои Ҳукумат барои фаъолияти Худ дар назди Раиси ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон асос меёбад.
3.ҳалли масъалаҳои ба зиммаи Ҳукумат гузошташуда, тавассути маҷлисҳои мунтазам баргузоршавандаи Ҳукумат, фаъолияти ташкилию амалии Раис, аъзои Ҳукумат ва дигар мақомоти идораи давлатии ба он ваколатдоргардида, таъмин карда мешаванд.
II. Ташкили фаъолияти Ҳукумат
4. Шакли асосии фаъолияти Ҳукумат маҷлиси Ҳукумат ба ҳисоб меравад.
Дар маҷлисҳои Ҳукумат масъалаҳо дар доираи салоҳияти Ҳукумат баррасӣ карда мешаванд.
...