Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 1999 № 748 "Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1993 "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1993., № 15-16, мод.350; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с.1996., № 3, мод.48; с.1997., № 9, мод.117; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 маи соли 1998, № 622) тағйироту иловаҳои зайл ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 12:

ба қисми якум банди "и" дорои мазмуни зайл илова карда шавад:

"и) коргарони бригадаҳои локомотивҳо ва категорияҳои алоҳидаи кормандоне, ки ба ташкили корҳои мусофирбарӣ ва боркашонӣ мустақиман машғул буда, амнияти ҳаракатро дар нақлиёти роҳи оҳан таъмин мекунанд, аз рӯи Номгӯи касбу мансабҳои аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшаванда;

ронандагони автомобилҳои боркаш, ки дар ҷараёни технологияи шахтаҳо, конҳои маъдан ва конҳои кушода мустақиман ширкат варзида, ангишт, сланец, маъдан ва сангу маъдан мекашонанд:

мардҳо - пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 25 сол, аз он на камтар аз 12 солу 6 моҳаш дар корҳои зикршуда;

занҳо - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 20 сол, аз он на камтар аз 10 солаш дар корҳои зикршуда";

аз қисми панҷум калимаҳои "Барои давраи то соли 1996" хориҷ карда шаванд;

дар қисми ҳафтум калимаҳои "(бандҳои "а" ва "б")" бо калимаҳои "(бандҳои "а"; "б" ва "и")" иваз карда шаванд.

2. Дар сархати дуюми қисми якуми моддаи 27 рақамҳои "55" ва "30" мутобиқан ба рақамҳои "70" ва "50" иваз карда шаванд.

3. Дар қисми якум ва сеюми моддаи 43 рақамҳои "30" ва "40" мутобиқан ба рақамҳои "50" ва "60" иваз карда шаванд.

4. Банди "а" қисми якуми моддаи 57 хориҷ карда шуда, бандҳои "б" ва "в" мутобиқан бандҳои "а" ва "б" ҳисобида шаванд.

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О пенсионном обеспечении граждан Республики Таджикистан"

Маджлиси Оли Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

Внести в Закон Республики Таджикистан от 25 июня 1993 года "О пенсионном обеспечении граждан Республики Таджикистан" (Ведомости Верховного Совета Республики Таджикистан, 1993 г., № 15-16, ст.350; Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1996 г., № 3., ст.48; 1997 г., № 9, ст.117; Закон Республики Таджикистан от 22 мая 1998 года, № 622) следующие изменения и дополнения:

1. В статье 12:

часть первую дополнить пунктом "и" следующего содержания: "и) рабочие локомотивных бригад и отдельные категории работников, непосредственно осуществляющих организацию перевозок и обеспечивающих безопасность движения на железнодорожном транспорте - по Спискам профессий и должностей, утверждаемым Правительством Республики Таджикистан;

водители грузовых автомобилей, непосредственно занятые в технологическом процессе на шахтах, в рудниках, разрезах и рудных карьерах на вывозе угля, сланца, руды, породы:

мужчины - по достижении 55 лет и при общем стаже работы не менее 25 лет, из них не менее 12 лет 6 месяцев на указанной работе;

женщины - по достижении 50 лет и при общем стаже работы не менее 20 лет, из них не менее 10 лет на указанной работе";

в части пятой слова "В период до 1996 года" исключить;

в части седьмой слова "(пункты "а" и "б")" заменить словами "(пункты "а"; "б" и "и")".

2. В абзаце втором части первой статьи 27 цифры "55" и "30" заменить соответственно цифрами "70" и "50".

3. В части первой и третьей статьи 43 цифры "30" и "40" заменить соответственно цифрами "50" и "60".

4. Пункт "а" части первой статьи 57 исключить, пункты "б" и "в" считать соответственно пунктами "а" и "б".

5. В статье 62:

...