ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОСИТАҲОИ НАШЪАДОР, МОДДАҲОИ ПСИХОТРОПӢ ВА ПРЕКУРСОРҲО
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №12, мод. 312; с. 2002, №4, қ. 1, мод. 266; с. 2006, №4, мод. 192; с. 2007, №7, мод. 661; с. 2013, №7, мод. 516; с. 2019, №6, мод. 319)
(Қонуни ҶТ аз 10.05.2002 № 37, аз 29.04.2006 № 179, аз 30.07.2007 № 297, аз 22.07.2013 № 988, аз 20.06.2019 № 1617, аз 20.04.2021 № 1778, аз 01.10.2025 № 2188, аз 16.02.2026 № 2254)
БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур
Мақсади Қонуни мазкур бо назардошти ҳифзи саломатии аҳоли, амнияти давлати ва ҷамъияти, амали намудани сиёсати давлати ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо, мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии онҳо, пешгирии нашъамандию токсикоманди ва расонидани ёрии наркологи ба шахсони гирифтори нашъаманди ва токсикоманди мебошад.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд
Дар қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо - фаъолият оид ба киштукори растаниҳои нашъадор бо мақсадҳои илмӣ, таҳия, истеҳсол, тайёр кардан, коркард, нигоҳ доштан, интиқол, муросилот, додан, фурӯш, тақсимот, соҳиб шудан, истифода, воридот ва содирот, ки дар асоси иҷозатнома амалӣ карда мешаванд ва нобуд кардан, ки бе иҷозатнома ба амал бароварда мешавад ;
муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо фаъолияти вобаста ба киштукори растаниҳои нашъадор, таҳия, истеҳсол, тайёр кардан, коркард, нигоҳ доштан, интиқол, фиристонидан, додан, фурӯш, тақсимот, соҳиб шудан, истифода, воридот, содирот ва нобуд кардани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, ки бар хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад .
Квотаи давлатии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропи (минбаъд Квотаи давлати) - миқдори муайяни воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропи, ки бо назардошти шартномаҳои байналмилали, ба мақсади муомилоти қонуни аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст;
Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо (минбаъд Рӯйхати милли) - номгӯиҳои муназзами воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо, ки муомилоташон манъ ё маҳдуд буда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назорат қарор доранд;
воситаҳои нашъадор - маводи сунъи ё табии, шаклҳои дорувории онҳо, инчунин растаниҳое, ки дар Конвенсияҳои байналмилалии дахлдор ва Рӯйхати милли айнан гурӯҳбанд шудаанд;
...