ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИР БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ВОСИТАҲОИ НАШЪАДОР, МОДДАҲОИ ПСИХОТРОПӢ ВА ПРЕКУРСОРҲО»
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 7 майи соли 2025,
№ 104
қабул карда шудааст
бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 октябри соли 2025,
№ 60
ҷонибдорӣ карда шудааст
Моддаи 1. Моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» аз 10 декабри соли 1999 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №12, мод. 312; с. 2002, №4, қ. 1, мод. 266; с. 2006, №4, мод. 192; с. 2007, №7, мод. 661; с. 2013, №7, мод. 516; с. 2019, №6, мод. 319; с. 2021, №4, мод. 198) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 8. Иҷозатдиҳӣ барои фаъолият дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо
Иҷозатдиҳӣ барои фаъолият дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» амалӣ карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 1 октябри соли 2025, № 2188