ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ НАМУНАҲОИ САНОАТӢЌ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, №2, мод.48; с.2012, №7, мод.706; с.2015, №12, қ.1, мод.1116; с.2016, №11, мод.887)
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 856, аз 25.12.2015 № 1270, аз 14.11.2016 № 1371, аз 2.01.2019 № 1583)
Қонуни мазкур муносибатҳои молумулкӣ ва муносибатҳои шахсии ғайримолумулкии ба онҳо алоқамандро, ки бинобар офариниш, ҳифзи ҳуқуқӣ ва истифодабарии намунаҳои саноатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меоянд, танзим мекунад .
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
(Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1270)
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд :
Конвенсияи Париж - Конвенсияи Париж оид ба ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ аз 20 марти соли 1883 бо тағйиру иловаҳои минбаъда;
схемаи эргономӣ - схемае ки таносуби андозаҳои объекти намунаи саноатиро дар системаи "инсон - мошин" инъикос мекунад;
харитаи конфексионӣ - намунаи матоъҳои бофтаю трикотажӣ, чарм, маводи ороишӣ ва ғайра, ки барои тайёр намудани маҳсулот тавсия карда мешаванд (дар сурати пешниҳоди ариза оид ба намунаи саноатие, ки ба саноати сабук дахл дорад, тартиб дода мешавад) ;
хабарномаи расмӣ - нашрияи расмии даврии мақоми давлатӣ оид ба ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ ;
...