ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ НАМУНАҲОИ САНОАТӢ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2004 "Дар бораи намунаҳои саноатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, №2, мод. 48) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 6 қисми панҷум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Аз рӯи дархости дорандаи патент дар сурати супоридани пардохти ҳатмии дахлдор ба ӯ барои тамдид кардани мӯҳлати амали патент мӯҳлати шашмоҳаи иловагӣ пас аз анҷоми мӯҳлати амали патент дода мешавад.".
2. Дар қисми якуми моддаи 29 калимаҳои "банди чоруми" ба калимаҳои "сархати сеюми" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе,
3 июли соли 2012, № 856
ш.Душанбе,
3 июли соли 2012, № 856
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи намунаҳои саноатӣ"
...