ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи индексатсияи даромади аҳолӣ бо назардошти нархҳои молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ
(Қонуни ҶТ аз 15.05.1997 № 421)
(Қонуни ҶТ аз 15.05.1997 № 421)
Ин Қонун асосҳои ташкилию ҳуқуқи ва иқтисодии индексатсияи даромад ва пасандозҳои пулии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бинобар болоравии нархҳои молҳои истеъмоли ва хизматрасони муайян менамояд.
ФАСЛИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳуми индексатсияи даромади аҳоли
Индексатсияи даромади аҳоли (минбаъд индексатсия номида мешавад) механизми зиёд кардани даромад ва пасандозҳои пулии шаҳрвандон буда, он барои қисман ё пурра ҷуброн намудани болоравии нархҳои молҳои истеъмоли ва хизматрасони имкон медиҳад.
Индексатсия ҷузъи системаи умумидавлатии ҳимояи иҷтимоии шаҳрвандон мебошад ва барои нигоҳ доштани қудрати харидории даромад ва пасандозҳои пулии онҳо, хусусан табақаҳои камбизоати аҳоли: нафақахӯрон, маъюбон ва оилаҳои серфарзанд, инчунин ҷавонони таҳсилкунанда нигаронида шудааст.
Индексатсия метавонад бо дигар усулҳои танзими давлатии даромади аҳоли (аз нав дида баромадани музди меҳнат, андозаи нафақа, ёрдампулиҳои иҷтимои ва ғайра) тавъам гардад ва дар баъзе мавридҳо онҳоро иваз намояд.
Тағйироте, ки ба механизми нигаҳдории қудрати харидории даромади аҳоли дохил карда мешавад, аз тарафи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми тасдиқи Қонун дар бораи Буҷети давлати барои соли дахлдор мавриди барраси қарор мегирад .
Моддаи 2. Объектҳои индексатсия
Даромаде, ки шаҳрвандон онро бо асъори милли дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мегиранд ва он хусусияти якдафъаги надорад: нафақаи давлати, ёрдампулии иҷтимои (ба оилаҳои кӯдакдор, бинобар бекори, корношоямии муваққати ва ғайра), стипендия, музди меҳнат (маош, моҳона), маблағи ҷуброни зиёне, ки бинобар маъюби ё дигар хел иллатманд шудани саломати ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнати сурат гирифтааст .
Даромади пулии шаҳрвандон, ки аз додани амвол ба иҷора, аз саҳмияҳо ва дигар коғазҳои қиматнок (ба истиснои коғазҳои қиматноки давлати), ташкили хоҷагии деҳқони (фермери) ё хоҷагии ёрирасони шахси, соҳибкори ё дигар фаъолият, ҳамчун манбаи даромади пули аз моликият, ба даст омадааст, мавриди индексатсия қарор намегирад.
Ба аҳоли ҷуброн намудани зиёне, ки аз беқурбшавии пасандозҳои дар муассисаҳои Бонки амонатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бонкҳои дигар, инчунин дар сертификатҳои ин бонкҳо, ӯҳдадориҳои бонкии давлати, вомбарги бурдноки дохилии давлати гузошташуда ва инчунин пулҳои ба ташкилотҳои суғуртаи давлати додашуда расидааст, бо роҳи тағйир додани фоизи меъёрҳо ба тартибе, ки Қонун бо назардошти индекси нархҳо муқаррар кардааст, сурат мегирад.
...