ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ЗАНБӯРПАРВАРӢ
(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469)
(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 469)
Қонуни мазкур муносибатҳоро дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти занбӯриасалпарварӣ, муҳофизат, истифода ва афзоишдиҳии оилаҳои занбӯри асал, самаранок истифода бурдани онҳо барои гардолуд кардани набототи энтомофилӣ, фароҳам овардани шароитҳо барои афзун гардонидани маҳсулоти соҳаи занбӯриасалпарварӣ, инчунин зироаткорӣ, таъмини кафолатҳои риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба занбӯриасалпарварӣ машғуланд, танзим менамояд .
БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода шудаанд:
занбӯриаслпарварӣ - соҳаи истеҳсолоти кишоварзӣ, ки асоси кори он парвариш, нигаҳдорӣ ва истифодаи занбӯри асал барои гардолуд кардани набототи энтомофилӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии онҳо, ба даст овардани маҳсулотҳои занбӯриасалпарварӣ мебошад ;
занбӯрпарвар - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ба занбӯриасалпарварӣ машғул аст ;
оилаи занбӯри асал - воҳиди томи биологӣ, ки аз занбӯрҳои коргар, нарзанбӯр ва модарзанбӯр иборат буда, дар хоначаҳои занбӯрқуттӣ ё лонаи алоҳида зиндагӣ мекунанд;
қуттиҳои занбӯри асал - қуттиҳое, ки барои нигоҳдории оилаи занбӯри асал сохта шудаанд;
занбӯрҷой - ҷойи муайяне, ки қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал бо таҷҳизоти зарурӣ барои нигоҳубин ва парвариши занбӯри асал гузошта мешаванд ;
занбӯрҷойи доимӣ - ҷойи доимие, ки қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал дар давоми сол нигоҳ дошта мешаванд ;
...