ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи занбӯрпарварӣ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 октябри соли 2003 "Дар бораи занбӯрпарварӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №12, мод. 679) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар ном ва тамоми матни Қонун калимаи "занбӯрпарварӣ" ба калимаи "занбӯриасалпарварӣ" иваз карда шавад.
2. Дар тамоми матни Қонун калимаи "занбӯрҷо" ба калимаи "занбӯрҷой" ва калимаи "занбӯрҷоҳои" ба калимаи "занбӯрҷойҳои" иваз карда шавад.
3.Дар моддаи 1: .
- сархатҳои панҷум ва шашум дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
"занбӯрҷой - ҷойи муайяне, ки қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал бо таҷҳизоти зарурӣ барои нигоҳубин ва парвариши занбӯри асал гузошта мешаванд;";
"занбӯрҷойи доимӣ - ҷойи доимие, ки қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал дар давоми сол нигоҳ дошта мешаванд;";
- сархати ҳаштум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"хоҷагии зотпарварӣ ва минтақаҳои зотпарварӣ - субъектҳои хоҷагидорӣ, ки аз ҷониби мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ аттестатсия шудаанд ва ба парваришу фурӯши оилаҳои занбӯри асали зотӣ, модарзанбӯрҳои зоти муайян машғуланд;";
-дар сархати даҳум калимаи "мода" ба калимаи "модае" иваз карда шавад;
-дар сархати дувоздаҳум калимаҳои "маҳсулоти", "маҳсулотҳое" ба калимаҳои "маводи", "маводҳое" иваз карда шуда, пас аз калимаҳои "инчунин худи занбӯри асал" калимаҳои "ва кирминаи он" илова карда шаванд;
- сархатҳои чордаҳум ва понздаҳум дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
"шиносномаи байтории занбӯрҷой- ҳуҷҷате, ки маҳалли муваққатӣ ё доимии занбӯрҷой, миқдори оилаҳои занбӯри асал, зоти он, мӯҳлат ва амалиётҳои байториро бо мақсади пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи амрози онҳо дар бар мегирад;
...