Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2003, № 525 "Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 2003 №1173 "

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 2003, №1173

Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 2003 №1173 "Дар бораи тадбирҳои тақвияти сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани музди меҳнати ҳадди ақал, маоши кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо), ассотсиатсияҳо, иттиҳодияҳо, корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо сарфи назар аз шакли моликият ва намуди фаъолият аз 1 январи соли 2004:

музди меҳнати моҳонаро на камтар аз музди меҳнати ҳадди ақали муқарраргардида ба андозаи 7 сомонӣ ҳисоб кунанд; нафақаи ҳадди ақалро аз рӯи синну сол бо дарназардошти собиқаи кории умумии меҳнатӣ, ки ба собиқаи барои ҳисоби нафақаи пурраи зарурӣ баробар аст, ба андозаи 7 сомонӣ дар як моҳ ҳисоб кунанд;

маошҳои вазифавии (меъёрҳои тарифӣ) амалкунандаи кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти идораи давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо), мақомоти давлатие, ки ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошанд ва ҳисобот медиҳанд, дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои тобеи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, кумитаҳо ва сохторҳои дигар, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд, идораҳои давлатии нотариалӣ. хизматчиёни ҳарбӣ ва шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар қисмҳое, ки аз рӯи пардохти музди меҳнат ба идораҳои қудратӣ баробар карда шудаанд, аз ҷумла маош барои рутбаҳои ҳарбӣ (махсус), коркунони ташкилотҳо ва муассисаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, илм ва ғайраро, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, 25 фоиз зиёд намоянд;

 андозаи стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ, хонандагони коллеҷҳо, мактабҳои миёнаи махсус ва дигар гурӯҳҳои хонандагонро, ки дар ҳисоби маблағгузории буҷетӣ мебошанд, 25 фоиз зиёд намоянд;

ҳисоб намудани музди миёнаи меҳнат барои пардохти корношоямии муваққатӣ, пардохти рухсатиҳо ва дигар ҳолатҳое, ки ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнатро талаб мекунанд (ба ғайр аз нафақа) бо дарназардошти андозаи музди меҳнат, ки аз аз 1 январи соли 2004 мукаррар карда мешавад, мувофиқи Тартиби бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2002 №500 тасдиқшуда, анҷом диҳанд;

ҳисоб намудани коэффитсиентҳои муқарраргардидаи ноҳиявӣ (барои кор дар биёбон ва ҷойҳои беоб) ва коэффитсиент барои кор дар ноҳияҳои баландкӯҳиро ба музди меҳнати кормандон мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2003 №302 анҷом диҳанд.

2. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

то 1 феврали соли 2004 бо назардошти аз 1 январи соли 2004 зиёд намудани андозаи нафақаи меҳнатӣ ба 25 фоиз ва бо риояи андозаи муқарраргардидаи ҳадди ниҳоии нафақа мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" андозаҳои амалкунандаи нафақаи меҳнатиро бозҳисобӣ намояд;

якҷоя бо Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" пардохти нафақаҳои амалкунандаро бо назардошти аз нав ҳисобӣ шудани онҳо таъмин намоянд.

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

пардохти ҷуброни хизматрасонии қувваи барқ ва гази табииро ба оилаҳои камбизоат ба маблағи 20 миллион сомонӣ мувофиқи Тартиби таъин ва додани ҷубронпулӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2003 №144 ва аз 9 июли соли 2003 №271 тасдиқ шудааст, таъмин намояд;

...

ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О мерах по реализации Указа Президента Республики Таджикистан от 4 ноября 2003 года № 1173

(в редакции постановления Правительства РТ от 01.04.2011г.№184)

(в редакции постановления Правительства РТ от 01.04.2011г.№184)

Во исполнение Указа Президента Республики Таджикистан от 4 ноября 2003 года №1173 "О мерах по усилению социальной защищенности населения и увеличения минимальной заработной платы, действующих должностных окладов работников бюджетных учреждений и организаций, пенсий и стипендий" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Министерствам, государственным комитетам, ведомствам Республики Таджикистан, органам исполнительной власти на местах (хукуматам), ассоциациям, объединениям, предприятиям, организациям и учреждениям, независимо от форм собственности и видов деятельности, с 1 января 2004 года:

осуществлять начисление месячной заработной платы не ниже установленной минимальной заработной платы в размере 7 сомони;

осуществлять начисление минимального размера пенсии по возрасту с учетом общего трудового стажа, равного требуемому для начисления полной пенсии, в размере 7 сомони в месяц;

увеличить на 25 процентов действующие должностные оклады (тарифные ставки) работников Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан, органов государственного управления и органов исполнительной власти на местах (хукуматов), государственных органов, подчиненных и подотчетных Президенту Республики Таджикистан, аппаратов Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, комитетов Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Конституционного суда Республики Таджикистан, Верховного Суда Республики Таджикистан, Высшего экономического Суда Республики Таджикистан, судов Горно-Бадахшанской автономной области, областей, городов и районов, Совета юстиции Республики Таджикистан, органов Прокуратуры Республики Таджикистан, организаций, подведомственных министерствам, государственным комитетам, комитетам и другим структурам, учрежденным Правительством Республики Таджикистан, государственных нотариальных контор, военнослужащих и лиц рядового и начальствующего состава органов внутренних дел и других формирований, приравненных по оплате труда к силовым ведомствам, включая оклады по воинским (специальным) званиям, работников организаций и учреждений здравоохранения, образования, культуры, науки и других, финансируемых из государственного бюджета;

увеличить на 25 процентов действующие размеры стипендий студентам высших учебных заведений, учащимся колледжей, средних специальных учебных заведений и другим категориям учащихся, находящимся на бюджетном финансировании;

исчисление среднего заработка для оплаты временной нетрудоспособности, трудовых отпусков и в других случаях, когда требуется расчет средней заработной платы (кроме начисления пенсии), производить исходя из заработка, установленного с 1 января 2004 года, в соответствии с Порядком, утвержденным постановлением Правительства Республики Таджикистан от 31 декабря 2002 года №500;

начисление на заработную плату работников установленных районных коэффициентов (за работу в пустынных и безводных местностях) и коэффициента за работу в высокогорных районах производить в соответствии с постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 июля 2003 года №302.

2. Министерству труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан:

произвести до 1 февраля 2004 года перерасчет действующих размеров трудовых пенсий с учетом увеличения с 1 января 2004 года на 25 процентов размера трудовой пенсии и соблюдения размера установленной максимальной пенсии в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О пенсионном обеспечении граждан Республики Таджикистан";

...