Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 майи соли 2003 № 223
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 майи соли 2003 № 223
тасдиқ шудааст
Низомномаи ташкили кори истеҳсол, коркард ва фурӯши пахта
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2008с. № 160, аз 02.12.2008с. № 610, аз 29.04.2009 № 279, аз 25.01.2017 № 49, аз 27.09.2025 № 502)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2008с. № 160, аз 02.12.2008с. № 610, аз 29.04.2009 № 279, аз 25.01.2017 № 49, аз 27.09.2025 № 502)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Низомномаи мазкур ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаи пахтакории иқтисодиёти миллӣ, беҳтар гардонидани иқлими сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, такмили баҳисобгирӣ, ба низом даровардани бастани шартномаҳо (қарордодҳо) барои истеҳсол ва фурӯши пахта (пахта, нахи пахта ва дигар маҳсулоти пахта-тибит, торак, пати сиклонӣ, чигит), мутобиқ намудани онҳо ба талаботи иқтисоди бозорӣ, ҳифзи манфиатҳои истеҳсолкунандагони пахта ва сармоягузоронро танзим менамояд.
Низомнома фаъолияти мақомоти давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидориро барои баланд бардоштани самаранокӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли пахта, беҳтар кардани сифати онро муайян намуда, механизми фурӯши пахтаро муқаррар менамояд.
II. Ташкили кор оид ба бастани шартномаҳо (қарордодҳо) ҳангоми истеҳсол ва фурӯши пахта
2. Шартномаҳо (қарордодҳо) оид ба истеҳсол ва фурӯши пахта байни субъектҳои хоҷагидории Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз шакли хоҷагидорӣ, резидентҳо ва ғайрирезидентҳо метавонанд бо роҳи ҷалб намудани сармоягузориҳо мутобиқи меъёрҳои Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шаванд.
3. Ба сармоягузароне, ки барои истеҳсоли пахта маблағгузорӣ менамоянд тавсия дода мешавад, ки мувофиқи шартномаҳои (қарордодҳои) басташуда маблағгузориҳои пешпардохти воситаҳои пулиро ба ҳисобҳои махсуси депозитии истеҳсолкунандагони пахта гузаронанд ва ё бо пули нақд онҳоро таъмин намоянд.
4. Баҳисобгирии маблағҳои пулии бо асъори миллӣ ба истеҳсолкунандаи пахта пешниҳодшаванда ва захираҳои моддию техникии бо розигии онҳо воридшаванда, баробар ба доллари ШМА аз рӯи қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон дар санаи гузаронидани муомилот, сурат мегирад. Дар баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии муҳосиботӣ истеҳсолкунандаи пахта арзиши ӯҳдадориҳои бамиёномадаро (маблағҳои пулӣ ва захираҳои моддию техникии гирифташуда) бо асъори миллӣ, бо азнавбаҳодиҳии арзиши ӯҳдадориҳо бо доллари ШМА тибқи қурби Бонки миллии Тоҷикистон ба санаи ҳисобу китоб ё ба санаи таҳияи ҳисоботдиҳии муҳосиботӣ, инъикос мекунад.
...