Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 сентябри соли 2025, № 502 "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 2003, №223"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 2003, №223

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Низомномаи ташкили кори истеҳсол, коркард ва фурӯши пахта, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 2003, № 223 «Дар бораи такмили механизми истеҳсол ва фурӯши пахта» тасдиқ шудааст, бандҳои 20 ва 21 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

«20. Барои муайян намудани нархи одилонаи фурӯши пахтаи хом арзиши аслӣ, шароити бозор, логистика ва ҳисобҳои иқтисодии зерин ба назар гирифта мешаванд:

1)қисмҳои асосии методологияи ҳисоб намудани нархи фурӯши пахтаи хом аз инҳо иборат мебошанд:

-хароҷоти мустақим;

-тухмӣ (навъ, сифат, нарх барои кг);

-нуриҳои маъданӣ ва воситаҳои ҳифзи растанӣ;

-хароҷот барои истифодабарии об;

-хароҷот барои ҷамъоварии дастӣ, музди меҳнати кормандон;

-иҷораи замин (дар давраи дахлдор);

-техника (хӯрдашавӣ, сӯзишворӣ, таъмир ё пардохт барои кироя);

-хароҷоти ғайримустақим;

...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О внесении дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 15 мая 2003 года, №223

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

Дополнить Положение об организации работ по производству, переработке и реализации хлопка, утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 15 мая 2003 года, №223 «О совершенствовании механизма производства и реализации хлопка», пунктами 20 и 21 следующего содержания:

«20. Для определения справедливых цен продажи хлопка-сырца учитываются следующие факторы: фактическая себестоимость, рыночная конъюнктура, логистика и экономические расчеты.

1) основными компонентами методологии подсчета стоимости хлопка-сырца являются:

- прямые расходы;

- семена (сорт, качество, цена за кг);

- минеральные удобрения и средства защиты растений;

- расходы на использование воды;

- расходы на ручную уборку, заработную плату работникам;

- аренда земли (в соответствующий период);

- техника (износ, горючее, ремонт или плата за прокат);

- косвенные расходы;

...