ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МУФЛИСШАВӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2003, №12, мод.674; с.2008, №10, мод.813; с.2009, №5, мод.317)
(Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 432, аз 19.05.2009 № 509, аз 2.01.2019 № 1579)
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Муносибатҳое, ки Қонуни мазкур танзим менамояд
Мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни мазкур асос ва тартиби аз тарафи суд муфлис эътироф намудани соҳибкори инфиродӣ ва ё аз тарафи худи онҳо муфлис эълон гардиданашон, асоси аз тарафи суд муфлис эътироф намудани шахси ҳуқуқӣ, ё ин ки аз тарафи худи онҳо муфлис эълон намуданашон, инчунин тартиби барҳам додани чунин шахси ҳуқуқӣ, ё худ якҷоя бо кредиторон қабул кардани қарор дар бораи муфлисшавӣ ва ихтиёран барҳамдиҳии онҳоро муқаррар менамояд.
Моддаи 2. Доираи амали Қонуни мазкур
Қонуни мазкур нисбат ба ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ (ба истиснои корхонаҳои давлатие, ки дар моддаи 127 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда шудаанд), аз ҷумла шахсони ҳуқуқии хориҷии бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ба қайд гирифташуда ва ҳамчунин соҳибкорони инфиродӣ амал мекунад.
Агар шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои дигареро, ки аз қоидаҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур фарқ кунанд, муқаррар карда бошанд, қоидаҳои шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегиранд.
Нисбати муносибатҳое, ки Қонуни мазкур иштироки шахсони хориҷиро ба сифати кредиторон танзим менамояд, муқаррароти ҳамин Қонун татбиқ карда мешавад, агар шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муфлисшавӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муфлисшавӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 4. Мафҳумҳои асосии дар Қонуни мазкур истифодашаванда
...