ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муфлисшавӣ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2003 "Дар бораи муфлисшавӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №12, мод. 674; с. 2008, №10, мод. 813) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матни Қонун калимаҳои "Кодекси мурофиавии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ" иваз карда шаванд.
2. Ба моддаи 4 мафҳумҳои зерин илова карда шаванд:
"- қарздори ғойиб - қарздоре, ки маҳалли ҷойгиршавии мақомоти доимӣ, инчунин муассисон ва шахсони мансабдор, ки онро муқаррар кардан мумкин нест ва бе онҳо шахси ҳуқуқӣ фаъолияти худро дар давоми шаш моҳи охир иҷро карда натавонист;
- мудири муваққатӣ - шахси воқеие, ки аз ҷониби суд барои гузаронидани расмиёти мушоҳида таъин карда мешавад;
- мудири беруна - шахси воқеие, ки аз ҷониби суд барои гузаронидани расмиёти идоракунии беруна таъин карда мешавад;"
- мудири озмунӣ - шахси воқеие, ки аз ҷониби суд барои гузаронидани расмиёти истеҳсолоти озмунӣ таъин карда мешавад".
3. Моддаи 7(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 7(1). Қарздори ғойиб
Дар асоси аризаи шахси манфиатдор суд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қарздори ғойибро муайян менамояд.".
4. Дар қисми якуми моддаи 19 баъд аз калимаи "менамояд" калимаҳои "ва он бояд на камтар аз дувоздаҳ нишондиҳанда барои хисобҳо дар як моҳ бошад" илова карда шаванд.
5. Матни моддаи 20 дар тахрири зайл ифода карда шавад:
"Ҳангоми баррасии парвандаҳои муфлисшавии қарздор - шахси ҳуқуқии субъекти соҳибкории хурду миёна ва дигар шахсони хуқуқӣ (ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ) расмиёти зерини муфлисшавӣ татбиқ карда мешаванд:
...