ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНИИ (РАСМИКУНОНИИ) ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, № 3, мод. 152; с. 2013, № 6, мод. 405, мод. 406; с. 2014, № 7, қ. 1, мод. 397; с. 2017, № 1-2, мод. 27)
(Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 967, № 968, аз 26.07.2014 № 1100, аз 24.02.2017 № 1404, аз 17.05.2018 № 1521)
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ҷамъият ва давлат тавассути фароҳам овардани механизми ҳуқуқии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом танзим ва асосҳои ҳуқуқии онҳоро муайян менамояд .
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда - маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулке, ки дар натиҷаи содир намудани кирдори барои ҷамъият хавфнок қабл аз қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳо ба даст оварда шудаанд.
- қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда - анҷом додани амалиёти молиявӣ ё аҳдҳои дигар бо маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ё молу мулки дигар, ки баръало даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда мебошанд, бо мақсади рӯйпуш ва пинҳон намудани сарчашмаи ба даст овардани ин молу мулк ва ё мусоидат намудан ба шахсе, ки дар содир намудани ҷинояти асосӣ иштирок намудааст, то ки ӯ тавонад аз ҷавобгарӣ барои кирдорҳои содирнамудааш саркашӣ намояд, инчунин рӯйпуш ё пинҳон кардани хусусияти аслӣ, маҳалли ҷойгиршавӣ, тарзи ихтиёрдорӣ, ҷойивазкунӣ, ҳуқуқ ба молу мулк ё мансубияти он, ҳамчунин ба даст овардан, соҳибӣ кардан, истифода бурдан ё ихтиёрдории чунин молу мулк ;
- молу мулк (воситаҳо) - ҳар гуна дороии моддӣ ё ғайримоддӣ, манқул ё ғайриманқул, новобаста аз тарзи ба даст овардани онҳо, инчунин ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ё санадҳои гуногуншакл, аз ҷумла дар шакли электронӣ ё ададӣ, ки ҳуқуқ ба чунин дороиҳо ва иштирок дар онҳоро тасдиқ менамоянд, аз ҷумла қарзҳои бонкӣ, чекҳои роҳ, чекҳои бонкӣ, интиқолҳои почтавӣ, саҳмияҳо, қоғазҳои қиматнок, вомбаргҳо, векселҳо, аккредитивҳо ва ғайраҳо;
- маблағгузории терроризм - бевосита ё бавосита пешниҳод намудан ё ҷамъ овардани воситаҳо бо мақсади пурра, ё қисман истифода бурдани онҳо ва ё бо дарки он ки ин воситаҳо аз тарафи террористи алоҳида ё гурӯҳи (ташкилоти) террористӣ истифода мешаванд, ё бо мақсади таъминоти молиявии террористи алоҳида ё гурӯҳи (ташкилоти) террористӣ, ё барои ташкил, тайёр ва содир намудани ҷиноятҳое, ки дар моддаҳои 179, 179(1), 179(3), 181, 182, 184, 184(1), 184(2), 184(3) 184(4), 185, 193, 194, 194(1), 194(2), 194(3), 194(4), 194(5), 310 ва 402 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, истифода мегарданд, ҳамчунин агар ин воситаҳо воқеан барои содир намудани ҷиноятҳои зикршуда истифода нашуда бошанд, инчунин маблағгузории террористи алоҳида ё гурӯҳи (ташкилоти) террористӣ, ҳатто агар он бо акт (актҳои) мушаххаси террористӣ алоқаманд набошад ;
- мақоми ваколатдор - мақоми давлатӣ, ки мақсад, вазифа ва ваколатҳояш дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом мувофиқи Қонуни мазкур, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян карда мешаванд ;
...