ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 1. Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 12, қ. 1, мод. 688; мод. 689; с. 2005, №12, мод. 629; с. 2006, №7, мод. 341; №12, мод. 543; с. 2007, №3, мод. 172; №7, мод. 668; с. 2008, №3, мод. 195; №6, мод. 455; с.2009; №3, мод. 86; № 5, мод. 332; № 12, мод. 823; с.2010, №7, мод.559) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матни Кодекс:
- калимаҳои "амвол" ва "амволи" мутаносибан ба калимаҳои "молу мулк" ва "молу мулки" иваз карда шаванд;
- шакли кӯтоҳкардашудаи "ААИ" ба калимаҳои "андоз аз арзиши иловашуда" иваз карда шавад.
2. Дар қисми 6 моддаи 6 калимаҳои "андози умумидавлатӣ" ба калимаи "андоз" иваз карда шуда, калимаҳои "ва нисбати андозҳои маҳаллӣ бошад, дар асоси қарорҳои маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи дахлдор" хориҷ карда шаванд.
3. Ба қисми 2 моддаи 7 пас аз калимаҳои "Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "бо назардошти нишондиҳандаҳои пешгӯии даромади буҷети давлатӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия ва (ё) мақоми ваколатдори давлатӣ" илова карда шаванд.
4. Аз қисми 1 моддаи 17 калимаҳои "ё фаъолияти илмӣ, таълимӣ, маърифатӣ, китобдорӣ, тиббӣ ё фаъолияти дигаре, ки ба манфиати ҷамъиятӣ анҷом дода мешавад" хориҷ карда шаванд.
5. Аз моддаи 33(1) қисми 1 хориҷ карда шуда, қисмҳои 2-8 мутаносибан қисмҳои 1-7 ҳисобида шаванд.
6. Дар моддаи 34:
- дар қисми 49 калимаҳои "бе таҳвили мол ё иҷрои корҳо сурат мегирад" бо калимаҳои "натиҷаи шакли ашёӣ надорад" иваз карда шаванд;
- дар банди 3) қисми 49 пас аз калимаи "хизматрасонии" калимаи "савдо," илова карда шавад;
- қисми 60 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"60. Андозсупорандаи бемасъулият - андозсупорандае мебошад, ки барои мақсадҳои назорати андоз бо амали (беамалии) худ боиси баланд шудани эҳтимолияти (хатари) сари вақт ва (ё) пурра пардохт нашудани андозҳои муқарраршуда мегардад, аз ҷумла/ дар мӯҳлати зиёда аз 3 моҳи пай дар пай баҳисобгирии даромаду хароҷот ва амалиёти хоҷагидории худро тибқи тартиби муқарраргардида набурдааст ё ба гум шудани ҳуҷҷатҳои муҳосибавӣ ва (ё) ҳуҷҷатҳои вобаста ба андозбандӣ роҳ додааст;
- дар мӯҳлати зиёда аз 3 моҳи пай дар пай маълумотро оид ба объектҳои андозбандӣ ва (ё) объектҳои ба андозбандӣ алоқаманди худ барои баҳисобгирии андоз пешниҳод накардааст ё дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур тағйир додани маълумоти қаблан барои баҳисобгирии андоз пешниҳодшударо таъмин накардааст;
- дар мӯҳлати зиёда аз 6 моҳи пай дар пай аз лаҳзаи пайдо шудани ӯҳдадорӣ пешниҳоди ҳисоботи андоз ва (ё) пардохти маблағи андоз (андозҳо) ва (ё) пардохти маблағи қарзи андози эътирофшударо сари вақт ва (ё) пурра таъмин накардааст;
- ҳиссаи маблағи андозҳои ҳисобшудаи ӯ дар даромади умумиаш дар соли сипаригаштаи тақвимӣ нисбат ба ҳиссаи миёнаи андозҳои ҳисобшуда дар даромади умумии дар ин соҳа муайяншуда ба андозаи зиёда аз 25 фоиз паст шуда бошад;
- ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашударо бе амалан анҷом додани амалиёти андозбандишаванда ё ҳисобнома-фактураи қалбакиро пешниҳод намуда бошад;
- ҳангоми иҷрои қарор оид ба боз доштани амалиётҳои хароҷотӣ бо суратҳисобҳои вуҷуддоштаи бонкиаш, суратҳисобҳои иловагии бонкӣ кушода бошад;
- дигар амалҳоро (беамалиеро) анҷом дода бошад, ки номгӯи онҳо аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешавад.
Мақомоти андоз ҳуқуқ доранд нисбат ба андозсупорандаи бемасъулият маълумоти иловагӣ ҷамъоварӣ кунанд, манбаи андозбандии онро дар асоси муоинаи хронометражӣ ё санҷишҳои иловагӣ аниқ намоянд, инчунин дигар чораҳои назорати андозро анҷом диҳанд.
Рӯйхати андозсупорандагони бемасъулият аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тартиб дода шуда, дар сомонаи электронии он ҷойгир карда мешавад ва номи андозсупорандаи бемасъулият аз рӯйхати мазкур баъди бартараф шудани камбудиҳои ҷойдошта ва (ё) пешниҳоди маълумоти асоснок бароварда мешавад. Ҳама гуна амалиёти анҷомдодашудаи андозсупорандагон бо шахсе, ки андозсупорандаи бемасъулият эълон шудааст, барои мақсадҳои андозбандӣ ҳангоми баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашудаи аз рӯи хариди мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ) пардохтшуда ба инобат гирифта намешаванд.
Шахсоне, ки ба рӯйхати андозсупорандагони бемасъулият дохил карда нашудаанд, андозсупорандагони бомасъулият ҳисобида мешаванд.".
7. Ба қисми 2 моддаи 36 банди 10) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"10) муоинаи хронометражӣ.".
8. Дар моддаи 44:
- аз банди 1) қисми 3 калимаҳои "дақиқ (дар асл) муқаррар шуда бошад, ки" хориҷ карда шаванд;
- қисми 7 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"7. Дар ҳолати аз тарафи мақомоти андоз пайдо гардидани шубҳа ба дурустии ҳисоботи муҳосибӣ ва (ё) ҳисоботи андози андозсупоранда барои муайян (аниқ) намудани ҳаҷми даромад ва хароҷоти ӯ, тибқи қарори роҳбари аввали (муовини ваколатдори роҳбари аввали) мақомоти андоз дар мӯҳлати то 2 рӯзи корӣ на зиёдтар аз ду маротиба дар як соли тақвимӣ муоинаи хронометражӣ гузаронида мешавад. Муоинаи хронометражӣ метавонад дар рафти санҷиши ҳуҷҷатии андоз ё дар асоси аризаи андозсупоранда низ гузаронида шавад. Тартиби гузаронидани муоинаи хронометражӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад.".
9. Дар моддаи 47:
- қисми 8 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"8. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои гумрукӣ маълумотро дар бораи амалиёти воридотӣ ва содиротӣ, ки аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ амалӣ карда мешаванд, дар асоси созишномаи аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои гумрукӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ басташуда, пешниҳод менамояд.";
- қисми 9 хориҷ карда шуда, қисми 8 қисми 9 ҳисобида шавад.
10. Дар моддаи 49:
- дар ҷумлаи дуюми қисми 1 пас аз калимаҳои "(андозсупорандаҳои) мушаххас" калимаҳои ",ба истиснои андозсупорандагони бемасъулият," илова карда шаванд;
- дар сархати якуми қисми 2 калимаҳои "андозсупорандагоне" ба калимаҳои "андозсупорандагони бемасъулият ва андозсупорандагоне" иваз карда шаванд;
- аз банди 5) қисми 7 сархатҳои якум ва дуюм хориҷ карда шаванд.
11. Дар қисми 6 моддаи 68 калимаҳои "3 соли баъди ба охир расидани соли тақвимие, ки ба он марбутанд, нигоҳ доранд, агар ҳамин Кодекс ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошанд" бо калимаҳои "мӯҳлати даъво, ки дар моддаи 86 Кодекси мазкур муқаррар шудааст, нигоҳ доранд" иваз карда шаванд.
12. Дар қисми 2 моддаи 70:
- банди 8) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"8) ариза оид ба гузариш ба низоми дигари андоз;
- маълумот оид ба воҳидҳои махсус;
- нусхаи қарор оид ба барҳамдиҳӣ ё муфлисшавӣ;
- маълумот оид ба кушодани суратҳисобҳо дар ташкилоти бонкӣ;
- маълумот оид ба амалиёти иқтисодии хориҷӣ (содиротию воридотӣ);
- маълумот оид ба тағйир додани маҳалли ҷойгиршавӣ ё зист дар мӯҳлатҳои дар моддаи 38 Кодекси мазкур муқарраршуда;
- маълумот оид ба гирифтани иҷозатнома барои анҷом додани баъзе намудҳои фаъолият;
- маълумот оид ба гирифтани сертификат барои ҳуқуқи истифодабарии замин ва (ё) дигар ҳуҷҷате, ки барои истифодабарии замин ҳуқуқ медиҳад.";
- банди 8) банди 9) ҳисобида шавад.
13. Ба қисми 2 моддаи 71 ҷумлаи нав бо мазмуни зайл илова карда шавад: "Тартиби пешниҳоди ҳисоботи андоз дар шакли электронӣ (бе иловатан талаб намудани ҳисоботи мазкур дар шакли қоғазӣ) аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешавад.".
14. Дар қисми 1 моддаи 72 калимаҳои "3 соли баъди ба охир расидани соли тақвимие, ки ба он марбут аст, нигоҳ медорад, агар ҳамин Кодекс ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад" бо калимаҳои "мӯҳлати даъво, ки дар моддаи 86 Кодекси мазкур муқаррар шудааст, нигоҳ медорад" иваз карда шаванд.
15. Дар қисми 6 моддаи 81 калимаҳои "шахсони ҳуқуқие" ба калимаҳои "шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие" иваз карда шаванд.
16. Дар моддаи 86:
- дар қисми 1 калимаи "Мақомоти" ба калимаҳои "Агар қисмҳои 3 ва 4 моддаи мазкур тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд, мақомоти" иваз карда шавад;
- қисмҳои 3 ва 4 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"3. Нисбат ба андозсупорандагоне, ки тибқи Фасли XVIII Кодекси мазкур низоми махсуси андозро истифода мебаранд, мутобиқи созишномаҳои дутарафаи басташуда ё аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайянгардида мӯҳлати даъво ба мӯҳлати андозбандии имтиёзнок дароз карда мешавад.
4. Ҷараёни мӯҳлати даъво дар давраи амали мораторияи санҷиши андозҳо боздошта мешавад.".
17. Ба қисми 1 моддаи 89 пас аз калимаҳои "зиёд бошад," калимаҳои "ба истиснои муқаррароти моддаи 236 Кодекси мазкур нисбат ба андоз аз арзиши иловашуда," илова карда шаванд.
18. Дар моддаи 92:
- ба зербанди б) банди 1) қисми 3 пас аз калимаҳои "ба он баробаркардашуда" калимаҳои ",инчунин пардохти ӯҳдадориҳои андози соли ҷорӣ ва пардохти қарзҳои андоз" илова карда шаванд:
- ба банди 1) қисми 3 зербанди в) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"в) то гирифтани огоҳиномаи хаттӣ аз мақомоти андоз оид ба иҷрои пурраи қарорҳои қаблан қабулнамудаи он дар бораи боздошти амалиёти хароҷотии андозсупоранда аз рӯи суратҳисобҳо, ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) ӯҳдадоранд, ки тибқи дархости ин мақомоти андоз оид ба амалиёти даромадию хароҷотӣ ва маблағҳои пулии воридшуда (харҷшуда) аз рӯи суратҳисобҳои амалиёташон боздошташудаи андозсупоранда ҳар моҳ маълумот пешниҳод намоянд. Дурустии маълумоти мазкур метавонад аз тарафи мақомоти андоз таҳти санҷиш қарор дода шавад;";
- ба зербанди а) банди 2) қисми 3 пас аз калимаҳои "қарзи дебиторӣ" калимаҳои "(танҳо ҳангоми ситонидани қарз аз ҳисоби дебиторҳои андозсупорандаи қарздор)," илова карда шаванд;
- зербанди б) банди 2) қисми 3 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"б) ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) бо назардошти маҳдудияти пешбининамудаи қисми 3 моддаи 94 Кодекси мазкур нисбат ба пардохти музди меҳнат ва дигар пардохтҳои ба он баробаркардашуда, инчунин ӯҳдадориҳои андозии соли ҷорӣ ва пардохти қарзҳои андоз ӯҳдадоранд бидуни аз мақомоти андоз талаб намудани ҳуҷҷатҳои иловагӣ, тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 91 Кодекси мазкур фармоишҳои дахлдори инкассавии мақомоти андозро дар бораи ситонидани маблағҳои пулӣ аз суратҳисобҳои андозсупоранда ва/ё дебиторони он барои пӯшонидани қарзи андоз иҷро намоянд;";
- банди 4) қисми 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"4) баъди бартараф намудани асосҳое, ки боиси татбиқи тадбирҳои маҷбуран ситонидани андозҳо шуда буданд, мақомоти андоз дар асоси маълумоти хаттии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) оид ба маблағҳои пулии аз суратҳисобҳои андозсупоранда ва (ё) дебиторони он ситонидашуда ва (ё) маълумоти хаттии иҷрочии суд оид ба маблағҳои ситонидашуда дар мӯҳлати на дертар аз як рӯзи корӣ қарорҳои қаблан қабулшударо иҷрошуда ҳисобида, ҳамзамон ба шахсони дахлдор огоҳинома мефиристад. Қарорҳои қаблан қабулнамудаи мақомоти андоз барои ташкилотҳои қарзии (кредитии) дахлдор ва (ё) иҷрочии суд ва (ё) андозсупоранда аз рӯзи фиристода шудани огоҳиномаи хаттии мақомоти андоз иҷрошуда ҳисобида мешаванд.";
- қисми 7 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"7. Дар сурати аз ҷониби андозсупоранда, ки нисбат ба ӯ тадбирҳои маҷбуран ситонидани андозҳо амалӣ шуда истодаанд, пешниҳод гардидани нақшаи воқеии беҳбудии вазъи молиявӣ, мақомоти андоз ва андозсупоранда метавонанд барои давраи на зиёдтар аз шаш моҳи пай дар пай оид ба тартиб ва мӯҳлатҳои пардохти қарзи андоз шартнома банданд. Ҳамзамон иҷрои қарорҳои қаблан қабулгардида оид ба истифодабарии тадбирҳои маҷбуран ситонидани андозҳо ба мӯҳлати иҷрои шартномаи басташуда боздошта мешаванд. Мӯҳлати иҷрои шартномаи мазкур ва боздошта шудани қарорҳои қаблан қабулгардида оид ба истифодабарии тадбирҳои маҷбуран ситонидани андозҳо наметавонад дароз карда шавад.".
19. Ба қисми 4 моддаи 110 пас аз калимаи "дорои" калимаҳои "нишони мақомоти андоз," ва ҷумлаи нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд: "Нишони мақомоти андоз ва нишони сарисинагии кормандони мақомоти андоз аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.".
20. Ба банди 7) моддаи 111 пас аз калимаҳои "рутбаҳои тахассусӣ" калимаҳои "ва нишони сарисинагӣ" илова карда шаванд.
21. Дар қисми 1 моддаи 118:
- дар банди 14) калимаҳои "муқарраргардида ба суд муроҷиат" бо калимаҳои "муқарраргардидаи Кодекси мазкур ва қонунгузорӣ дар соҳаи истеҳсолоти иҷро амал" иваз карда шаванд;
- дар банди 15) калимаҳои "моддаи 94" ба калимаҳои "моддаҳои 92 ва 94 " иваз карда шаванд;
- банди 24(1)) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"24(1)) бо мақсади ҷорӣ намудани меъёрҳои пасттари андоз ва (ё) шаклҳои соддакардашудаи андозбандӣ бе кам намудани ҳаҷми воридоти андозҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои алоҳида бо истифода аз омилҳои тағйирёбандаи андозбандӣ (меъёри андоз, манбаи андоз ва ғайра) дар мӯҳлати на кам аз як соли тақвимӣ якҷоя бо мақомоти молия корҳои таҷрибавӣ ва тадқиқотӣ гузаронанд;".
22. Дар моддаи 137:
- сархати дуюми банди 3) қисми 1 хориҷ карда шавад;
- дар қисми 5 калимаҳои "на камтар аз музди меҳнати номиналии миёнаи моҳонаи коргарони кироя" бо калимаҳои "дар давраи аз 1 июли соли ҷорӣ то 30 июни соли оянда на камтар аз музди меҳнати номиналии миёнаи моҳонаи коргарони кироя дар шаҳру ноҳияҳои дахлдор" иваз карда шаванд;
- қисми 6 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"6. Фаъолияти иқтисодии хориҷӣ барои мақсадҳои соҳибкории инфиродӣ, аз ҷумла содироту воридоти молҳо, танҳо аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ, ки дорандаи шаҳодатномаи бақайдгирӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ буда, тибқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ мегарданд, амалӣ шуда метавонад.".
23. Дар қисми 1 моддаи 145:
- ба банди 2) пас аз калимаҳои "ғайритиҷоратӣ мегиранд" калимаҳои "ва барои фаъолияти ғайритиҷоратӣ истифода мебаранд" илова карда шаванд;
- банди 3) хориҷ карда шавад;
- ба сархати якуми банди 5) пас аз калимаҳои "инвеститсияҳо баробари" калимаҳои "аз 200 ҳазор доллари ИМА" илова карда шаванд;
- бандҳои 4) ва 5) мутаносибан бандҳои 3) ва 4) ҳисобида шаванд.
24. Ба қисми 1 моддаи 146 пас аз калимаҳои "пешбининамудаи ҳамин Кодекс" калимаҳои "ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба ҳамин Кодекс мухолифат намекунанд," илова карда шаванд.
25. Дар қисми 3 моддаи 150 калимаҳои "90 фоизи" бо калимаҳои "70 фоизи" иваз карда шаванд".
26. Дар моддаи 153:
- ба қисми 1 банди нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Ҳиссаҷудокунии истеҳлокӣ доир ба воситаҳои асосӣ ва активҳои ғайримоддии дар давоми соли тақвимӣ ба тавозун (баланс) дохилшудае, ки дар фаъолияти соҳибкорӣ истифода мешаванд, аз моҳи минбаъдаи тақвимии дар амал истифода шудани ин воситаҳо ва активҳо иҷозат дода мешавад.";
- аз ҷадвали қисми 3 калимаи "ниҳоии" хориҷ карда шавад;
- аз қисми 4 калимаҳои ", аммо на бештар аз меъёри ниҳоӣ," хориҷ карда шаванд;
- ба банди 2) қисми 6 калимаҳои "моддаи 195 ҳамин Кодекс" ба калимаҳои "қисми 1 моддаи 153 ва моддаи 195 Кодекси мазкур (бе дарназардошти зиёдшавии арзиши активҳо дар натиҷаи азнавбаҳодиҳӣ (азнавнархгузорӣ) тибқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон)" иваз карда шаванд;
- дар қисми 11 калимаҳои "ҳамин Кодекс" ба калимаҳои "моддаи мазкур" иваз карда шаванд;
- қисми 12 хориҷ карда шавад.
27. Дар моддаи 154:
- дар қисми 2 пас аз калимаҳои "охири соли андоз," ба калимаҳои "аз моҳи минбаъда" иваз карда шаванд;
- қисми 4 хориҷ карда шавад.
28. Ба қисми 2 моддаи 161 сархат бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Ба мақсади ҳисоб кардани андози даромад ва андози иҷтимоӣ музди меҳнати ҳар коргари кироя (новобаста аз он, ки кироякорӣ ба таври ҳуҷҷатӣ ба расмият дароварда шудааст ё не) дар давраи аз 1 июли соли ҷорӣ то 30 июни соли оянда наметавонад аз музди меҳнати миёнаи моҳонаи номиналии кироякорон дар шаҳру ноҳияи дахлдор, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли андози гузашта қарор дошт, камтар бошад (ба истиснои муассисаҳои буҷетӣ ва корхонаҳое, ки дар онҳо на камтар аз 50 фоизи кормандонашонро маъюбон ташкил медиҳанд).".
29. Аз қисми 1 моддаи 162 калимаҳои ", ба истиснои суди саҳмияҳое, ки ба корхонаҳои резидентӣ пардохта мешаванд" хориҷ карда шаванд.
30. Аз моддаи 201 қисмҳои 5 ва 6 хориҷ карда шаванд.
31. Дар қисми 1 моддаи 205 калимаҳои "Андозсупоранда метавонад дар ҳама ҳолат" ба калимаҳои "Ба андозсупоранда зарур аст, ки" иваз карда шаванд.
32. Дар моддаи 211:
- дар банди 5) қисми 2 калимаи "тиббӣ" ба калимаҳои "тиббии муассисаҳои давлатӣ" иваз карда шавад;
- аз қисми 2 банди 12) хориҷ карда шавад;
- ба қисми 4 банди 10) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"10) воридоти нахи пахта ва алюминийи аввалия, ки тибқи тартиби муқарраршуда бо андоз аз фурӯш андозбандӣ мешавад.".
33. Дар моддаи 212:
- ба банди 2) қисми 2 пас аз калимаҳои "ба истиснои" калимаҳои "хизматрасониҳои аэронавигатсионӣ ва" илова карда шаванд;
- аз банди 3) қисми 2 калимаи "аэронавигатсионӣ," хориҷ карда шуда, пас аз калимаҳои "ба истиснои" калимаҳои "хизматрасониҳои аэронавигатсионӣ ва" илова карда шаванд.
34. Дар қисми 1 моддаи 219:
- банди 1) дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"1) маҳали ҷойгиршавии молу мулки ғайриманқул, агар корҳо (хизматрасониҳо) бевосита бо ин молу мулк алоқаманд бошанд. Барои мақсадҳои боби мазкур хизматрасониҳои алоқаи байналмилалӣ (аз ҷумла, пайвастшавии шабакавӣ, иҷораи шоҳроҳ (канал), интиқол ва қабули трафик ва (ё) интернет, пахши байналмилалии барномаҳои телевизион ва радио), ки анҷом додани онҳо бо молу мулки ғайриманқул алоқаманд мебошад, дар маҳали ҷойгиршавии молу мулки ғайриманқули зикргардида амалигардида ҳисобида мешаванд;";
- аз банди 5) сархат бо калимаи "- алоқа;" хориҷ карда шавад.
35. Ҷумлаи дуюми қисми 4 моддаи 220 хориҷ карда шавад.
36. Дар моддаи 226:
- банди 3) қисми 2 хориҷ карда шуда, бандҳои 4) ва 5) мутаносибан бандҳои 3) ва 4) қисми 2 ҳисобида шаванд;
- банди дуюми қисми 4 хориҷ карда шавад;
- ба қисми 7 пас аз калимаҳои "амалиёти андозбандишаванда" калимаҳои ", амалиёти андозбандинашаванда" илова карда шуда, пас аз калимаҳои "муомилоти озод" калимаҳои "(ва (ё) муомилоти андозбандинашаванда)" илова карда шаванд.
37. Дар моддаи 228:
- дар номи модда пас аз калимаҳои "иловашуда озодшуда" калимаҳои "ва (ё) муомилоти андозбандинашаванда" илова карда шуда, дар қавсайн пас аз калимаи "озодкардашуда" калимаҳои "ва (ё) андозбандинашаванда" илова карда шаванд;
- ба қисми 1 пас аз калимаҳои "муомилотҳои озодкардашуда" калимаҳои "ва (ё) андозбандинашаванда" илова карда шаванд;
- дар банди якуми қисми 2 калимаҳои "ва озодкардашуда бо интихоби андозсупоранда" ба калимаҳои ",андозбандинашаванда ва озодкардашуда" иваз карда шуда, калимаҳои "ё алоҳида" хориҷ карда шаванд;
- бандҳои дуюм ва сеюми қисми 2 хориҷ карда шаванд.
38. Моддаи 230 хориҷ карда шавад.
39. Дар банди 2) қисми 1 моддаи 259 калимаи "соҳибкории" хориҷ карда шавад.
40. Ба моддаи 270 қисми 3 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"3. Новобаста аз муқаррароти моддаи мазкур, андозсупоранда метавонад маблағи пурраи андози заминро тибқи аризаи хаттӣ, ки ҳамчун ҳисоботи андоз ба ҳисоб меравад, дар мӯҳлати якуми пардохти тибқи қисмҳои 1 ё 2 ҳамин модда муқарраргардида пардозад.".
41. Дар қисми якуми моддаи 302 пас аз калимаҳои "мешавад, корхонаҳо" калимаҳои ", филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ" илова карда шуда, калимаҳои "12 моҳи пурраи пай дар пайи" бо калимаҳои "як соли" иваз карда шаванд.
42. Дар моддаи 303:
- ҷумлаи дуюми қисми 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад: "Даромади умумӣ дар асоси усули хазинавӣ чун маблағи дар давраи Ҳисоботи аз фурӯши (таҳвили) молу мулк (кору хизмат), инчунин даромадҳои ғайрифурӯшӣ ва дигар даромадҳои дар доираи фаъолияти соҳибкорӣ бадастомада бо тарҳи маблағи андоз аз арзиши иловашуда, андози аксиз ва андоз аз фурӯши чакана ҳисоб карда мешавад.";
- аз қисми 2 калимаҳои "андоз аз арзиши иловашуда, ба истиснои андоз аз арзиши иловашудае, ки ҳангоми ворид кардани молҳо ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд пардохта шавад," хориҷ карда шаванд;
- дар сархати дуюми қисми 3 калимаҳои "апрели соли ҷорӣ то 31 марти соли оянда наметавонад аз музди меҳнати миёнаи моҳонаи номиналии кироякорон" ба калимаҳои "июли соли ҷорӣ то 30 июни соли оянда наметавонад аз музди меҳнати миёнаи моҳонаи номиналии кироякорон дар шаҳру ноҳияҳои дахлдор" иваз карда шуда, пас аз калимаҳои "қабул карда шавад" калимаҳои "(ба истиснои корхонаҳое, ки дар онҳо на камтар аз 50 фоизи кормандонашонро маъюбон ташкил медиҳанд)" илова карда шаванд.
43. Аз моддаи 304 сархати дуюм хориҷ карда шавад.
44. Дар моддаи 305:
- дар қисми 2 рақами "15" бо рақами "10" иваз карда шавад;
- қисми 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"3. Андозсупорандае, ки тибқи низоми умумӣ андозбандӣ мешавад ва даромади умумиаш дар соли тақвимӣ, бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фурӯши чакана аз ҳадди чоркаратаи муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс барои мақсадҳои бақайдгирӣ ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда зиёд намебошад, ӯҳдадор аст, ки аз 1 январи соли оянда ба рӯйхати супорандагони андозе, ки тибқи низоми соддакардашуда пардохта мешавад, гузарад. Барои ин андозсупорандаи мазкур бояд ба мақомоти андози дахлдор бо аризаи хаттӣ на дертар аз 10 январи соли оянда муроҷиат намуда, бо гузаронидани санҷиши андоз ба рӯйхати супорандагони андозе, ки тибқи низоми соддакардашуда пардохт мешавад, ворид карда шавад.
Супорандаи андози тибқи низоми соддакардашуда пардохтшавандае, ки даромади умумиаш дар соли тақвимӣ бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фурӯши чакана аз ҳадди чоркаратаи муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс барои мақсадҳои бақайдгирӣ ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда зиёд шудааст, ӯҳдадор аст, ки аризаи хаттӣ пешниҳод намуда, аз 1 январи соли оянда ба низоми умумии андоз гузарад.
Дар ҳолати иҷро нагардидани талаботи дар банди якум ё дуюми ҳамин қисм муқарраршуда ва пешниҳод карда нашудани аризаи хаттии андозсупоранда мақомоти андоз мустақилона бо риояи тартиби муқарраргардида чунин андозсупорандаро ба рӯйхати супорандагони андози тибқи низоми соддакардашуда пардохтшаванда ё ба низоми умумии андоз аз 1 январи соли баъди соли ҳисоботӣ гузаронида, андозсупорандаро дар ин хусус ба таври хаттӣ огоҳ менамояд.".
45. Дар моддаи 310:
- матни модда қисми 1 ҳисобида шуда, қисми 2 дар таҳрири зайл илова карда шавад:
"2. Андозсупоранда метавонад маблағи пурраи андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзиро тибқи аризаи хаттӣ, ки ҳамчун ҳисоботи андоз ба ҳисоб меравад, то мӯҳлати якуми пардохти дар қисми 1 ҳамин модда муқарраршуда пардозад.".
46. Матни моддаи 311 қисми 1 ҳисобида шуда, қисми 2 дар таҳрири зайл илова карда шавад:
"2. Шахсоне, ки молҳои андозбандишавандаро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид менамоянд, ҳамчунин супорандагони андоз аз фурӯши нахи пахта ва алюминийи аввалия низ мебошанд.".
47. Матни моддаи 312 қисми 1 ҳисобида шуда, қисми 2 дар таҳрири зайл илова карда шавад:
"2. Воридоти нахи пахта ва алюминийи аввалия амалиёти андозбандишаванда ба ҳисоб меравад.".
48. Ба моддаи 313 қисми 3 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"3. Манбаи андоз барои молҳои андозбандишавандаи воридотӣ тибқи қонунгузории гумрукӣ муайян карда мешавад.".
49. Дар моддаи 315:
- ба қисми 4 банди нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Шахсоне, ки дар натиҷаи амалиёти андозбандишаванда молҳои андозбандишавандаро аз худ кардаанд, ӯҳдадоранд, ки нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохти андозро ба Нозироти андози андозсупорандагони калон пешниҳод кунанд. Дар ҳолати надоштани ҳуҷҷатҳои мазкур чунин шахсон ӯҳдадоранд маблағи пурраи андозро аз ҳисоби худ пардохт намоянд.";

"7. Ҳисоб намудани андоз барои амалиёти андозбандишаванда ҳангоми ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани нахи пахта ва алюминийи аввалия бо назардошти талаботи боби мазкур ва қонунгузории гумрук анҷом дода мешавад.".
50. Банди сеюми қисми 2 моддаи 316 хориҷ карда шавад.
51. Аз моддаи 324 қисми 3 хориҷ карда, қисмҳои 4 ва 5 мутаносибан қисмҳои 3 ва 4 ҳисобида шаванд.
52. Дар моддаи 328:
- дар қисми 1 калимаҳои "ташкилоти буҷетӣ буда, ин ташкилоти буҷетӣ" бо калимаҳои "ташкилоти буҷетӣ ё корхонаҳои на камтар аз 50 фоизи кормандонашонро маъюбон ташкилдиҳанда буда, ин ташкилоти буҷетӣ (ин корхонаҳо)" иваз карда шаванд;
- ба қисми 2 пас аз калимаҳои "ҷанговарони интернатсионалист," калимаҳои "маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2," илова карда шаванд.
53. Дар қисми 1 моддаи 329:
- дар сархати якуми банди якум калимаҳои "аз андозаи 10-карата то 20-карата" ба калимаҳои "ба андозаи 15-карата" иваз карда шаванд;
- дар сархати дуюми банди якум калимаҳои "аз андозаи 20-карата то 50-карата" ба калимаҳои "ба андозаи 60-карата" иваз карда шаванд;
- дар сархати сеюми банди якум калимаҳои "аз андозаи 15-карата то 40-карата" ба калимаҳои "ба андозаи 40 карата" иваз карда шаванд;
- банди дуюм хориҷ карда шавад;
- банди сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Аз рӯи молу мулки ғайриманқуле, ки дар минтақахои рушди сайёҳӣ ва истироҳатӣ ҷойгир мебошад, меъёри андоз аз молу мулки ғайриманқул аз рӯи биноҳои истиқоматӣ ба андозаи 20-карата, аз рӯи молу мулки ғайриманқул барои ташкили фаъолияти тиҷоратӣ, хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ ба андозаи 250-карата, аз рӯи молу мулки ғайриманқули барои дигар мақсадҳо истифодашаванда ба андозаи 100-карата муқаррар карда мешавад".
54. Ба моддаи 330 қисми 8 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"8. Андозсупоранда метавонад маблағи пурраи андоз аз молу мулки ғайриманқулро тибқи аризаи хаттӣ, ки ҳамчун ҳисоботи андоз ба ҳисоб меравад, дар мӯҳлати якуми муқаррарнамудаи ҳамин модда пардохт намояд.".
55. Дар қисмҳои 1 ва 3 моддаи 343 калимаҳои "аз пардохти" бо калимаҳои "тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти пурра ё қисми маблағи" иваз карда шавад.
56. Ба сархати сеюми қисми 1 моддаи 343 ва ба қисми 3 моддаи 344 пас аз калимаҳои "шахсони ҳуқуқӣ" калимаҳои "(андоз, ки тибқи низоми соддакардашуда пардохта мешавад)" илова карда шаванд.
57. Дар ҳамаи моддаҳои боби 52 калимаҳои "(ширкати амалиётӣ (оператор)" хориҷ карда шаванд".
58. Дар моддаи 351:
- қисми 7 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"7. Низоми махсуси андози дар ҳамин боб муқарраргардида тақсими маҳсулоти фоидаро байни сармоягузор ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз ҷониби сармоягузор пардохт намудани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии муқаррарнамудаи ҳамин бобро пешбинӣ менамояд.";
- дар сархати якуми қисми 8 калимаҳои "- андоз аз истифодабарандагони қаъри замин (роялти)" бо калимаҳои "- андозҳо аз истифодабарандагони қаъри замин" иваз карда шаванд;
- сархати якуми қисми 10 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- сармоягузоре, ки ба коргарони кироя музди меҳнат ва дигар даромадҳои ба ои баробаркардашуда медиҳад, тибқи тартиби муқарраргардида пардохти андози даромад ва андози иҷтимоиро таъмин менамояд;";
- сархатҳои панҷум ва шашуми қисми 10 хориҷ карда шаванд.
59. Қисми 2 моддаи 352 хориҷ карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2011 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
29 декабри соли 2010 № 665
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш. Душанбе,
11 ноябри соли 2010, № 229
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе,
16 декабри соли 2010 № 99