Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ташкил ва гузаронидани тендерҳои (озмунҳои) байналмилалӣ барои сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун"
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2010 № 342, аз 31.01.2015 № 34)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2010 № 342, аз 31.01.2015 № 34)
Мувофиқи моддаи 18 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади гузаронидани тендерҳои (озмунҳои) байналмиллалӣ барои таҳия намудани асосноккунии техникию иқтисодӣ ва баҳодиҳии иҷтимоию экологии сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад :
1) Ҳайати Комиссияи тендерӣ оид ба ташкил ва гузаронидани тендерҳои (озмунҳои) байналмилалӣ барои таҳия намудани асосноккунии техникию иқтисодӣ ва баҳодиҳии иҷтимоию экологӣ, инчунин муайян намудани маҳсулотсупорандагон ва ташкилотҳои пудратии сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" мутобиқи замима тасдиқ карда шавад.
2) Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикнстон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии давлатии хариди мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи "НБО Роғун" то 1 сентябри соли 2011 тибқи тартиби муқарраргардида лоиҳаи Низомнома оид ба фаъолияти Комиссияи тендерӣ оид ба ташкил ва гузаронидани тендерҳои (озмунҳои) байналмилалӣ барои таҳия намудани асосноккунии техникию иқтисодӣ ва баҳодиҳии иҷтимоию экологӣ, инчунин муайян намудани маҳсулотсупорандагон ва ташкилотҳои пудратии сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун"-ро таҳия ва ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд .
3) Ба Комиссияи тендерӣ иҷозат дода шавад, ки дар рафти фаъолияти худ дар ҳолатҳои зарурӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро хамчун коршинос ба кори комиссия ҷалб намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 9 июни соли 2010 № 305
ш. Душанбе
аз 9 июни соли 2010 № 305
...
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ташкил ва гузаронидани тендерҳои (озмунҳои) байналмилалӣ барои сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун"
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2010 № 342)
Мувофиқи моддаи 18 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади гузаронидани тендерҳои (озмунҳои) байналмиллалӣ барои таҳия намудани асосноккунии техникию иқтисодӣ ва баҳодиҳии иҷтимоию экологӣ, инчунин муайян намудани маҳсулотсупорандагон ва ташкилотҳои пудратии сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Ҳайати Комиссияи тендерӣ оид ба ташкил ва гузаронидани тендерҳои (озмунҳои) байналмилалӣ барои таҳия намудани асосноккунии техникию иқтисодӣ ва баҳодиҳии иҷтимоию экологӣ, инчунин муайян намудани маҳсулотсупорандагон ва ташкилотҳои пудратии сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" мутобиқи замима тасдиқ карда шавад.
2) Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикнстон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии давлатии хариди мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи "НБО Роғун" то 1 сентябри соли 2011 тибқи тартиби муқарраргардида лоиҳаи Низомнома оид ба фаъолияти Комиссияи тендерӣ оид ба ташкил ва гузаронидани тендерҳои (озмунҳои) байналмилалӣ барои таҳия намудани асосноккунии техникию иқтисодӣ ва баҳодиҳии иҷтимоию экологӣ, инчунин муайян намудани маҳсулотсупорандагон ва ташкилотҳои пудратии сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун"-ро таҳия ва ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд .
3) Ба Комиссияи тендерӣ иҷозат дода шавад, ки дар рафти фаъолияти худ дар ҳолатҳои зарурӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро хамчун коршинос ба кори комиссия ҷалб намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 9 июни соли 2010 № 305
ш. Душанбе
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "9" июни соли 2010 № 305
Ҳайати Комиссияи тендерӣ оид ба ташкил ва гузаронидани тендерҳои (озмунҳои) байналмилалӣ барои таҳия намудани асосноккунии техникию иқтисодӣ ва баҳодиҳии иҷтимоию экологӣ, инчунин муайян намудани маҳсулотсупорандагон ва ташкилотҳои пудратии сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун"
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2010 № 342)
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (раиси Комиссия);
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (муовини раиси Комиссия);
Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ;
Мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ;
Мудири Шӯъбаи сохтмон ва меъмории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовии якуми Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини якуми Вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Директори техникии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "НБО Роғун";
Директори иҷроияи Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи "Кам кардани талафоти нерӯ", (Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик").