Низомномаи Комиссияи тендерӣ оид ба ташкил ва гузаронидани тендерҳои (озмунҳои) байналмилалӣ, барои таҳияи минбаъдаи техникию иқтисодӣ ва баҳодиҳии иҷтимоию экологии сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" аз 31 январи соли 2015 № 34

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 2

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "31" январи соли 2015, № 34

тасдиқ шудааст

Замимаи 2

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "31" январи соли 2015, № 34

тасдиқ шудааст

Низомномаи Комиссияи тендерӣ оид ба ташкил ва гузаронидани тендерҳои (озмунҳои) байналмилалӣ, барои таҳияи минбаъдаи техникию иқтисодӣ ва баҳодиҳии иҷтимоию экологии сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун"

1. Муқаррароти умумӣ

1. Низомномаи Комиссияи тендерӣ оид ба ташкил ва гузаронидани тендерҳои (озмунҳои) байналмилалӣ барои таҳияи минбаъдаи техникию иқтисодӣ ва баҳодиҳии иҷтимоию экологии сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" (минбаъд-Комиссия) мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, вазъи ҳуқуқӣ, вазифаҳои асосӣ, ӯҳдадориҳо ва тартиби ташкили кори Комиссияро муайян менамояд.

2. Комиссия фаъолияти худро дар асоси Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ", Низомномаи мазкур ва дигар санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

3. Фаъолияти Комиссия аз рӯи принсипҳои дастаҷамъона, объективона, мустақил ва масъул асос меёбад.

2. Вазифаҳои асосии Комиссия

4. Комиссия вазифаҳои зеринро амалӣ мегардонад:

- интихоби усули харид;

- дар мавриди зарурӣ тавзеҳ додани ҳуҷҷатҳои вобаста ба расмиёти харид;

...

Приложение 2

утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 31 января 2015 года, № 34

Приложение 2

утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 31 января 2015 года, № 34

Положение о Тендерной комиссии по организации и проведению международных тендеров на дальнейшую доработку техникоэкономической и социально-экологической документации строительства Гидроэлектростанции "Рогун"

1. Общие положения

1. Положение о Тендерной комиссии по организации и проведению международных тендеров на дальнейшую доработку технико-экономической и социально-экологической документации строительства Гидроэлектростанции "Рогун" (далее-Комиссия) разработано на основе законодательства Республики Таджикистан и определяет правовые основы, основные задачи, обязательства и порядок организации работы Комиссии.

2. Комиссия осуществляет свою деятельность на основе Гражданского кодекса Республики Таджикистан, Закона Республики Таджикистан "Об акционерных обществах", Закона Республики Таджикистан "О государственных закупок товаров, работ и услуг", настоящего Положения и других актов Правительства Республики Таджикистан.

3. Деятельность Комиссии основывается на принципах коллегиальности, объективности, самостоятельности и ответственности.

2. Основные обязанности Комиссии

4. Комиссия исполняет следующие обязанности:

- выбор метода закупки;

- в случае необходимости, комментирование документов, связанных с процедурами закупки;

...