ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 1. Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 12, қ. 1, мод. 688, 689: с. 2005, № 12, мод. 629; с. 2006, № 7, мод. 341, № 12, мод. 543; с. 2007, № 3. мод. 172, № 7, мод. 668; с. 2008, № 3, мод. 195, № 6, мод. 455; с. 2009, № 3: мод. 86, № 5, мод. 332, № 12, мод. 823) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар банди 6) қисми 11 моддаи 2 калимаи "андоз" ба калимаи "андозҳо" иваз карда шавад.
2. Дар банди 7) қисми 1 моддаи 6 калимаи "андоз" ба калимаи "андозҳо" иваз карда шавад.
3. Ба моддаи 34 қисми 59 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"59. Кашфи тиҷоратӣ - ин захираҳои навъҳои алоҳидаи канданиҳои фоиданок мебошад, ки дар доираи ҳудуди муқаррарнамудаи иҷозатнома кашф шуда, мувофиқи тартиби муқарраршуда аз ҷониби Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок тасдиқ гардидаанд ва барои истихроҷ аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок мебошанд.".
4. Дар номи фасли XI калимаҳои "АНДОЗ" ба калимаҳои "АНДОЗҲО" иваз карда шаванд.
5. Дар моддаи 272:
- дар қисми 1 пас аз калимаҳои "заминро, ки" калимаҳои "бонусҳо (обунавӣ, кашфи тиҷоратӣ) ва" илова карда шаванд;
- дар қисми 3 пас аз калимаҳои "Тамоми намудҳои" калимаҳои "бонусҳо ва" илова карда шаванд.
6. Дар сархати дуюми қисми 1 моддаи 274 калимаҳои "меъёрҳои баландтарине" ба калимаи "меъёрҳое" иваз карда шаванд.
7. Ба Фасли XI боби 37(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"БОБИ 37(1). БОНУСҲО
Моддаи 279(1). Муқаррароти умумӣ оид ба бонусҳо
1. Бонусҳо пардохтҳои яккаратаи пулӣ барои истифодабарандагони қаъри замин мебошанд.
2. Истифодабарандагони қаъри замин намудҳои зерини бонусро пардохт менамоянд:
1) бонуси обунавӣ;
2) бонуси кашфи тиҷоратӣ.
3. Бонусҳо аз ҳамаи истифодабарандагони қаъри замин ситонида мешаванд, ба истиснои онҳое, ки корҳои омӯзиши геологии аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришавандаро анҷом медиҳанд.
Моддаи 279(2). Бонуси обунавӣ
1. Бонуси обунавӣ пардохти яккаратаи пулӣ барои муайян гардидан ба сифати истифодабарандаи қаъри замин дар ҳудуди муқаррарнамудаи иҷозатнома мебошад.
2. Меъёр ва (ё) андозаи бонуси обунавӣ мувофиқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шуда, дар қарордоди истифодаи қаъри замин дарҷ карда мешавад.
Моддаи 279(3). Мӯҳлати пардохти бонуси обунавӣ ва пешниҳод кардани эъломияи андоз
1. Бонуси обунавӣ дар мӯҳлатҳои муайяннамудаи қарордоди истифодаи қаъри замин пардохта мешавад.
2. Эъломия оид ба бонуси обунавӣ аз ҷониби истифодабарандагони қаъри замин ба мақоми андози маҳалли баҳисобгирии андозсупоранда дар мӯҳлати на дертар аз санаи 15 моҳи баъди моҳи фарорасии мӯҳлати пардохти бонуси обунавӣ пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 279(4). Бонуси кашфи тиҷоратӣ
1. Бонуси кашфи тиҷоратӣ пардохти яккаратаи пулӣ барои ҳар як кашфи тиҷоратӣ ҳангоми анҷом додани корҳои омӯзиши геологӣ ва корҳои иктишофи геологӣ дар конҳои истихроҷшаванда мебошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қисми 2 ҳамин модда зикр шудаанд.
2. Бонуси кашфи тиҷоратӣ барои кашфи захираҳои канданиҳои фоиданоке, ки истихроҷи минбаъдаи онҳо бинобар аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок набудан пешбинӣ намегардад, муқаррар карда намешавад.
3. Меъёр ва (ё) андозаи бонуси кашфи тиҷоратӣ мувофиқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шуда, дар қарордоди истифодаи қаъри замин дарҷ карда мешавад.
Моддаи 279(5). Мӯҳлати пешниҳод кардани эъломияи андоз ва пардохти бонуси кашфи тиҷоратӣ
Эъломия оид ба бонуси кашфи тиҷоратӣ аз ҷониби истифодабарандаи қаъри замин ба мақоми андози маҳалли баҳисобгирии худ дар мӯҳлати на дертар аз 30 рӯзи тақвимӣ аз санаи тасдиқ шудани кашфи тиҷоратӣ мувофиқи тартиби муқарраргардида пешниҳод гардида, бонуси кашфи тиҷоратӣ на дертар аз ҳамин мӯҳлат пардохта мешавад.".
8. Қисмҳои 2 ва 3 моддаи 289 хориҷ карда шаванд.
9. Дар моддаи 291:
- банди 3) қисми 2 хориҷ карда шавад;
- қисмҳои 3 ва 4 дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
"3. Меъёрҳои роялти барои канданиҳои фоиданоки маъмулӣ ва обҳои зеризаминӣ дар ҳаҷмҳои зерин муқаррар карда мешаванд:
+--+------------------------------------------------+----------------ҷ
| №| Номгӯи канданиоҳи фоиданоки маъмулӣ ва |Меъёрҳои роялти |
| | обҳои зеризаминӣ |бо фоиз нисбат |
| | |ба манбаи ҳисоб |
| | |кардани роялти |
+--+------------------------------------------------+----------------+
|1 |Рег (ба ғайр аз қолибрезӣ, шишасозӣ барои | |
| |саноати чиниворию фаянсӣ ва сементбарорӣ) | 10 |

|2 |Реги қолибрезӣ, шишасозӣ барои саноати чиниворию| |
| |фаянсӣ ва сементбарорӣ | 7 |

|3 |Омехтаи регу шағал | 10 |

|4 |Гил (ба ғайр аз гили оташбардор, мушкилгудоз, | |
| |қолибрезӣ барои саноати чинисозию фаянсӣ ва | |
| |сементбарорӣ, флоридонӣ, рангрезӣ, бентонитӣ, | |
| |кислотабардор ва каолин) | 6 |

|5 |Гили оташбардор, мушкилгудоз, қолибрезӣ барои | |
| |саноати чинисозию фаянсӣ ва сементбарорӣ, | |
| |флоридонӣ, рангрезӣ, бентонитӣ, кислотабардор | |
| |ва каолин | 5 |

|6 |Гилхок (ба ғайр аз гилхоки саноати сементбарорӣ)| 6 |

|7 |Гилхок барои саноати сементбарорӣ | 5 |

|8 |Санги бинокорӣ | 5 |

|9 |Регсанг (ба ғайр аз битуминоз, барои рӯйкашкунӣ,| |
| |динас ва барои саноати шишабарорӣ) | 7 |

|10|Регсанги битуминоз, барои рӯйкашкунӣ, буттахишти| |
| |динас ва барои саноати шишабарорӣ | 4 |

|11|Бӯр (ба ғайр аз бӯр барои саноати сементӣ, | |
| |кимиёвӣ, шишасозӣ, резинбарорӣ ва барои ҳосил | |
| |кардани гилхок аз нефелин) | 5 |

|12|Бӯр барои саноати семент, кимиёвӣ, шишасозӣ, | |
| |резинбарорӣ ва барои ҳосил кардани гилхок аз | |
| |нефелин | 5 |

|13|Квартсит (ба ғайр аз буттахишт, флюсӣ, | |
| |рӯйкашкунӣ, оҳандор барои истеҳсоли карбиди | |
| |кремнӣ, кремнии булӯрин ва хӯлаи оҳан) | 6 |

|14|Квартсити буттахишт, флюсӣ, рӯйкашкунӣ, оҳандор | |
| |барои истеҳсоли карбиди кремнӣ, кремнии булӯрин | |
| |ва хӯлаи оҳан | 5 |

|15|Доломит (ба ғайр аз битуминоз ва барои саноати | 6 |
| |семент) | |

|16|Доломити битуминоз ва барои саноати семент | 5 |

|17|Мергел (ба ғайр аз битуминоз ва барои саноати | |
| |семент) | 7 |

|18|Мергели битуминоз ва барои саноати семент | 5 |

|19|Оҳаксанг (ба ғайр аз битуминозӣ, рӯйкашкунӣ, | |
| |хока барои саноати сементбарорӣ, металлургия, | |
| |кимиёвӣ, шишабарорӣ, селлюлозаю коғазбарорӣ ва | |
| |қандистеҳсолкунӣ, инчунин барои истеҳсоли | |
| |гилхок) | 6 |

|20|Оҳаксанги битуминозӣ, рӯйкашкунӣ, хока барои | |
| |саноати сементбарорӣ, металлургия, кимиёвӣ, | |
| |шишабарорӣ, селлюлозаю коғазбарорӣ ва | |
| |қандистеҳсолкунӣ, инчунин барои истеҳсоли гилхок| 5 |

|21|Оҳаксанги ковок (ба ғайр аз оҳаксанги рӯйкашкунӣ| |
| |ва ороишӣ) | 6 |

|22|Мармар ва оҳаксанги ковоки рӯйкашкунӣ ва ороишӣ | 5 |

| | | |
|23|Варақсанг (ба ғайр аз варақсанги сӯзанда ва | |
| |бомпӯшӣ) | 6 |

|24|Варақсанги сӯзанда ва бомпӯшӣ | 5 |

|25|Аргиллитҳо ва алевролитҳо (ба ғайр аз онҳое, ки | |
| |дар саноати сементбарорӣ истифода мешаванд) | 5 |

|26|Аргиллитҳо ва алевролитҳое, ки дар саноати | |
| |сементбарорӣ истифода мешаванд | 5 |

|27|Ҷинсҳои магмативӣ, вулканӣ ва ҷинсҳои | |
| |метаморфозӣ (ба ғайр аз ҷинсҳои рӯйкашкунӣ, | |
| |ороишӣ, барои истеҳсоли маводи оташбардор ва | |
| |кислотабардор, гудозиши сангин ва пахтаи | |
| |маъданӣ, ба ғайр аз маводе, ки дар саноати | |
| |сементбарорӣ истифода бурда мешаванд) | 6 |

|28|Ҷинсҳои магмативӣ, вулканӣ ва ҷинсҳои | |
| |метаморфозӣ, | |
| |рӯйкашкунӣ, ороишӣ, барои истеҳсоли маводи | |
| |оташбардор ва кислотабардор, гудозиши сангин ва | |
| |пахтаи маъданӣ, инчунин дар саноати сементбарорӣ| |
| |истифодашаванда | 5 |

|29|Обҳои зеризаминӣ, ба истиснои обҳои зеризаминие,| |
| |ки аз ҷониби истеҳсолкунандагони маҳсулоти | |
| |кишоварзӣ барои эҳтиёҷоти истеҳсолии онҳо ва аз | |
| |ҷониби корхонаҳои давлатии соҳаи коммуналӣ барои| |
| |таъмини эҳтиёҷоти аҳолӣ истихроҷ карда мешаванд | 10 |

|30|Обҳои зеризаминӣ, ки аз ҷониби корхонаҳои | |
| |давлатии соҳаи коммуналӣ барои таъмини эҳтиёҷоти| |
| |аҳолӣ истихроҷ карда мешаванд | 2 |

|31|Гаҷ | 5 |

4. Меъёрҳои роялти барои канданиҳои фоиданок, ба истиснои дар қисми 3 ҳамин модда нишондодашуда, ба андозаҳои зерин муқаррар карда мешаванд:

|№ | Номгӯи канданиҳои фоиданок |Меъёрҳои роялти |
| | |бо фоиз нисбат |

|1 |Нафт, конденсати газ ва гази табиӣ | 6 |

|2 |Ангишт ва торф | 4 |

|3 |Металлҳои сиёҳ (оҳан, манган, хром, ванадий) | 4 |

|4 |Металлҳои ранга ва нодир (мис, сурб, руҳ, | |
| |қалъагӣ, никел, кобалт, молибден, симоб, сурма, | |
| |висмут, кадмий, алюминий, стронсий, титан, | |
| |сирконий, литий, волфрам, тантал, ниобий | |
| |ва ғайра) | 6 |

|5 |Канданиҳои фоиданоки пошхӯрда | 9 |

|6 |Металлҳои асил (тилло, нуқра, платиноидҳо) | 6 |

|7 |Сангҳои қиматбаҳо | 8 |

|8 |Сангҳои ранга (ҷилонок) ва/ё ашёи хоми | |
| |пезооптикӣ | 8 |

|9 |Ашёи хоми радиоактивӣ | 5 |

|10|Ашёи хоми кӯҳии кимиёвӣ ва обҳои гарм | 5 |

|11|Ашёи хоми маъдани кӯҳӣ (консентрат) ва/ё ашёи | |
| |хоми ғайримаъданӣ барои металлургия | 5 |

|12|Дигар канданиҳои фоиданоке, ки дар ҳамин ҷадвал,| |
| |инчунин тибқи қисми 3 ҳамин модда дар ҷадвали | |
| |меъёрҳо барои канданиҳои фоиданоки маъмулӣ ва | |
| |обҳои зеризаминӣ нишон дода нашудаанд | 3 |

|13|Металлҳои ранга ва нодир (мис, сурб, руҳ, | |

| |сирконий, литий, волфрам, тантал, ниобий ва | |
| Жғайра), металлҳои асил (тилло, нуқра, | |
| |платиноидҳо), ки аз партовҳои корхонаҳои | |
| |саноати кӯҳӣ истихроҷ мегарданд | 0,5"; |

- дар қисми 6 калимаҳои "тибқи як қарордод" ва калимаҳои "муқаррар гардида ва" хориҷ карда шаванд.
10. Дар қисми 2 моддаи 293 калимаҳои "маҳалли баҳисобгирии худ" ба калимаҳои "маҳалли ҷойгиршавии конҳои канданиҳои фоиданок" иваз карда шаванд.
11. Дар моддаи 294:
- дар қисми 1 калимаҳои "канданиҳои фоиданоки маъмулӣ ва обҳои зеризаминӣ" хориҷ карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаи "пурра" ба калимаи "тамоман" иваз карда шавад;
- қисми 3 хориҷ карда шавад.
12. Дар моддаи 295:
- дар қисми 1 калимаҳои "ба қарордод" хориҷ карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаҳои "дар қарордод" хориҷ карда шаванд;
- дар қисми 4 калимаҳои "дар қарордоди истифодаи қаъри замин" хориҷ карда шаванд;
- дар қисми 5 калимаҳои "мӯҳлати пардохти роялти, ки қарордоди истифодаи қаъри замин дар шакли пулӣ супоридани роялтиро муқаррар намудааст," ба калимаҳои "мӯҳлати муқаррарнамудаи пардохти роялти дар шакли пулӣ" иваз карда шуда, калимаҳои "мувофиқи шартҳои қарордод" хориҷ карда шаванд;
- дар қисми 6 калимаҳои "мӯҳлати муқаррарнамудаи қарордод" ба калимаҳои "мӯҳлати муқаррарнамуда" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
21 июли соли 2010 № 627
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба кабул кардани Қонуни Ҷумқурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш. Душанбе,
2 июни соли 2010, № 92
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе,
8 июли соли 2010 № 57