ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ АУДИТИ ДОХИЛӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ БАХШИ ДАВЛАТӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2010, № 7, мод. 563)
(Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354, аз 17.12.2020 № 1747, аз 08.06.2022 № 1886)
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятие, ки дар раванди Ташаккулёбӣ, банақшагирӣ, гузаронидани аудити дохилӣ ва таҳияи ҳисоботи аудиторӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ ба вуҷуд меоянд, танзим менамояд
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
- аудити дохилӣ - фаъолияти мустақил ва объективӣ оид ба гузаронидани санҷиш, баҳодиҳӣ ва машваратдиҳии низомҳои идоракунӣ ва дигар низомҳо, ки бо мақсади мусоидат намудан ба фаъолияти қонунӣ, самаранок ва натиҷабахши ташкилотҳои бахши давлатӣ анҷом дода мешавад;
- аудитори дохилӣ - хизматчии давлатӣ, ки аудити дохилиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад;
- супориши аудиторӣ - супориши муайян барои гузаронидани таҳқиқоти аудитӣ, ки аз амали санҷишӣ ва ё машваратӣ иборат мебошад ;
- мақсади супориши аудиторӣ - таҳияи хулосаи объективӣ ва мустақил оид ба фаъолият ва натиҷаҳои идоракунии таваккал, сифати татбиқ ва самарабахшии низоми идоракунии молиявӣ ва назорат, риояи қонунгузорӣ ва иҷрои нақшаи корхона, муассиса ва ташқилотҳо ;
- намудҳои супориши аудиторӣ - аудити низом, аудити мувофиқат ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аудити молиявӣ, аудити фаъолият ва аудити технологияи иттилоотӣ ;
- аудити низом - санҷиш ва баҳодиҳии мутобиқат ва самаранокии низоми идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ ;
...