ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ АУДИТИ ДОХИЛӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ БАХШИ ДАВЛАТӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 апрели соли 2022, № 703
қабул гардидааст
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 апрели соли 2022, № 703
қабул гардидааст
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 майи соли 2022, № 274
ҷонибдорӣ гардидааст
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 майи соли 2022, № 274
ҷонибдорӣ гардидааст
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ" аз 21 июли соли 2010 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, №7, мод. 563; с. 2016, №7, мод. 632; с. 2020, №12, мод. 921) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд;
1. Дар моддаи 4 пас аз калимаи "ошкорбаёни," калимаи "шаффофият," илова ва калимаи "нақшавӣ" ба калимаи "банақшагирӣ" иваз карда шавад.
...