Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010 № 301 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010 № 226"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010 № 226

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади тақвият бахшидани муносибатҳои соҳаи идораи дин ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010 №226 "Дар бораи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар банди 2 калимаҳои "Нақшаи идоракунии" ва "замимаҳои 1,2 ва 3" мутобиқан ба калимаҳои "Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи ташкилотҳои тобеи" ва "замимаҳои 1,2, 3 ва 4" иваз карда шаванд;

- дар банди 3 рақами "24" бо рақами "39" иваз карда шавад;

- ба банди 4 ҷумлаи нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Шумораи ниҳоии кормандони Дастгоҳи марказии Кумитаи оид ба корҳои дини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ихтисори воҳидҳои кории Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 10 воҳиди корӣ зиёд карда, панҷ воҳиди корӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда шавад";

- дар банди 5 калимаҳои "1 муовини Раис" бо калимаҳои "ду муовини Раис, аз ҷумла муовини якум" ва рақами "5" бо рақами "7" иваз карда шаванд;

- дар банди 6 рақами "2" бо рақами "4" иваз карда шавад;

- банди 7 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"7) Дар заминаи воҳидҳои кории танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва оид ба дини сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе "Шӯъба оид ба корҳои дин", дар шаҳру ноҳияҳо "Бахш оид ба корҳои дин" дар назди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шаванд";

- дар банди 11 баъди калимаҳои "Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои ",Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд;

2) Ба Низомномаи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010 №226 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 мая 2010 года № 226

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" и с целью укрепления отношений в сфере управления религии и упорядочения традиций, торжеств и обрядов Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) Внести следующие изменения и дополнения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 мая 2010 года№ 226 "О Комитете по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан":

- в пункте 2 слова "Схема управления" и "приложения 1, 2 и 3" заменить соответственно словами "Схема управления и Перечень подведомственных организаций" и "приложения 1,2, 3 и 4";

- в пункте 3 цифру "24" заменить цифрой "39";

- пункт 4 дополнить новым предложением следующего содержания:

"Окончательную численность работников Комитета по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан увеличить за счёт сокращения штатных единиц Управления по упорядочению традиций, торжеств и обрядов Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан в количестве 10 штатных единиц и выделить пять рабочих единиц за счет республиканского бюджета";

- в пункте 5 слова "1 заместителя Председателя" заменить словами "двух заместителей Председателя, в том числе первого заместителя" и цифру "5" заменить цифрой "7";

- в пункте 6 цифру "2" заменить цифрой "4";

- пункт 7 изложить в следующей редакции:

"7) Образовать при исполнительном органе государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей и города Душанбе "Отдел по делам религии", в городах и районах "Сектор по делам религии" на основе штатного расписания упорядочения традиций, торжеств и обрядов и по делам религий структуры местных органов исполнительной власти.

- в пункте 11 после слов "Министерству культуры Республики Таджикистан" дополнить слова "Министерству образования Республики Таджикистан";

2) Внести следующие изменения и дополнения в Положение Комитета по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан, утверждённое постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 мая 2010 года№ 226 "

...