Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2010 № 301, аз 31.08.2012 № 474, аз 7.03.2014 № 176, аз 20.08.2018 № 433, аз 28.02.2025 № 140)
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 марти соли 2010, № 832 "Дар бораи такмили минбаъдаи сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад № 433, аз 28.02.2025 № 140.
2) Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ ва Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи ташкилотҳои тобеи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1,2,3 ва 4) аз 7.03.2014 № 176, № 433, аз 28.02.2025 № 140.
3) Шумораи ниҳоии кормандони Дастгоҳи марказии Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 45 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад № 433, аз 28.02.2025 № 140.
4) Бисту чор воҳиди басти кории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад. Шумораи ниҳоии кормандони Дастгоҳи марказии Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ихтисори воҳидҳои кории Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 10 воҳиди корӣ зиёд карда, панҷ воҳиди корӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда шавад аз 7.03.2014 № 176, № 433, аз 28.02.2025 № 140.
5) Ба Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки се муовини Раис аз ҷумла муовини якум ва Ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар дошта бошад № 433, аз 28.02.2025 № 140.
6) Ба Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 4 адад муқаррар карда шавад аз 7.03.2014 № 176, № 433, аз 28.02.2025 № 140.
7) хориҷ карда шуд (аз 28.02.2025 № 140).
8) Маблағгузории хароҷоти нигоҳдории Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 39 воҳиди корӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва барои 6 воҳиди корӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумитаи мазкур анҷом дода шавад № 433, аз 28.02.2025 № 140.
...