Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2010, № 862 "Дар бораи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 14.12.2020

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Фармони Президент аз 14.09.2012 № 1349)

Мутобиқи моддаи 69 Қонститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1) Низомнома, Сохтори Дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи ташкилотҳои сисистемаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).

2) Шумораи ниҳоии кормандони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 527 воҳид (ба ғайр аз Муассисаи давлатии "Маркази кулли ҳисоббарорӣ"-и Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 78 воҳид муқаррар карда шавад (Фармони Президент аз 14.09.2012 № 1349).

3) Ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 муовини Директор, аз ҷумла як муовини якум, ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар ва лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 24 адад, аз ҷумла барои дастгоҳи марказӣ ба миқдори 5 адад муқаррар карда шавад.

4) Маблағгузории Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои маҳаллии он аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.

5) Маблағгузории Раёсати барӯйхатгирии аҳолӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2005 №282 "Дар бораи тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010" анҷом дода шавад.

6) Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати 3 моҳ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ин Фармон бармеоянд, таклиф пешниҳод намуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба Фармони мазкур мувофиқ намояд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

 22 апрели соли 2010 № 862

...

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 69 Қонститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1) Низомнома, Сохтори Дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи ташкилотҳои сисистемаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).

2) Шумораи ниҳоии кормандони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 602 воҳид (ба ғайр аз Муассисаи давлатии "Маркази кулли ҳисоббарорӣ"-и Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 92 воҳид муқаррар карда шавад.