ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2010, № 862
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» фармон медиҳам:
1.Дар банди 2 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2010, № 862 «Дар бораи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» рақамҳои «602» ва «92» мутаносибан ба рақамҳои «527» ва «78» иваз карда шаванд.
2.Сохтори дастгоҳи марказии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2010, № 862 тасдиқ шудааст, дар таҳрири нав ифода карда шавад (замима мегардад).
3.Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои худро ба Фармони мазкур мутобиқ намояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 14 сентябри соли 2012, № 1349
Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 14 сентябри соли 2012, № 1349
тасдиқ шудааст
Сохтори дастгоҳи марказии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
...