Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010 № 237 "Дар бораи тасдиқи Номгӯи иншооти истифодаи умум ва дигар иншоот, ки бо андоз аз амволи ғайриманқул андозбандӣ намегарданд"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.10.2014 № 659 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Номгӯи иншооти истифодаи умум ва дигар иншоот, ки бо андоз аз амволи ғайриманқул андозбандӣ намегарданд

Мутобиқи қисми 4 моддаи 328 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Номгӯи иншооти истифодаи умум ва дигар иншоот, ки бо андоз аз амволи ғайриманқул андозбандӣ намегарданд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2) Муқаррар карда шавад, ки барои мақсадҳои андоз аз амволи ғайриманқул ба иншоот объектҳои муҳандисию сохтмоние тааллуқ доранд, ки таъиноти онҳо аз фароҳам овардани шароити зарурӣ барои анҷом додани ҷараёни истеҳсолот, бо роҳи иҷрои ин ё он вазифаҳои техникии ба тағйирёбии олоти меҳнат вобастанабуда ё барои иҷрои вазифаҳои гуногуни ғайриистеҳсолӣ иборат мебошад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 майи соли 2010 № 237

 ш. Душанбе

аз 3 майи соли 2010 № 237

 ш. Душанбе

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 майи соли 2010 № 237

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

...

Номгӯи иншооти истифодаи умум ва дигар иншоот, ки бо андоз аз амволи ғайриманқул андозбандӣ намегарданд

1. Иншооти роҳҳои оҳани истифодаи умум ва роҳҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум, инчунин иншооти вобаста ба онҳо (гузаргоҳҳо (эстакадаҳо), пулҳо, иншооти мустаҳкамкунанда ва дигар иншооти вобаста ба онҳо).

2) Қубурҳои интиқоли магистралӣ, инчунин иншооти вобаста ба онҳо (шабакаҳои интиқоли газ, об, канализатсия).

3) Хати ҳавоӣ ва зеризаминии интиқоли барқ.

4) Сарбандҳо ва обанборҳои НБО ва дигар иншооти вобаста ба онҳо, иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ ва соҳилмуҳофизаткунӣ, ҷӯй ва ҷӯйборҳо, шабакаҳои обтаъминкунии дохили хоҷагӣ ва байнихоҷагӣ, обанборҳои оби нӯшокӣ, чоҳҳои об, қудуқҳои обӣ.

5) Бошишгоҳҳои саҳроӣ, хирманҷойҳо, гармхонаҳо.

6) Иншооти иттиҳодияҳои динӣ, ки барои ибодат ва дигар маросими динӣ истифода мешаванд.

7) Деворҳои ҳавлиҳои биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ.

8) Иншоот вобаста ба истеҳсоли барқи офтобӣ ва бодӣ (шамолӣ).

Эзоҳ:

а) Хонаҳои истиқоматӣ, квартираҳо, бӯстонсаройҳо, гаражҳо ва дигар биною иморатҳо тибқи тартиби муқарраргардида андозбандӣ карда мешаванд.

б) Амволи ғайриманқули ташкилотҳои буҷетӣ, ки барои иҷрои вазифаҳои оинномавиашон истифода бурда, ба иҷора ё истифодаи шахси дигар дода нашудааст (ба истиснои ба иҷора ва истифода додан ба ташкилоти буҷетӣ) андозбандӣ намегардад.