Қоидаҳои баргардонидани маблағҳои буҷетӣ аз ҳисоби мутахассисони ҷавон, ки тибқи роҳхат ба ҷои кор ҳозир нашудаанд аз 2 июли соли 2009 № 391

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2019 № 260 аз эътибор соқит дониста шуд.

 

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 июли соли 2009 № 391

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 июли соли 2009 № 391

тасдиқ шудааст

Қоидаҳои баргардонидани маблағҳои буҷетӣ аз ҳисоби мутахассисони ҷавон, ки тибқи роҳхат ба ҷои кор ҳозир нашудаанд

1) Қоидаҳои баргардонидани маблағҳои буҷетӣ аз ҳисоби мутахассисони ҷавон, ки тибқи роҳхат ба ҷои кор ҳозир нашудаанд (минбаъд Қоидаҳо) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардида, тартиби баргардонидани маблағҳоро аз тарафи мутахассисони ҷавон, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳуриро хатм намудаанд, вале тибқи тақсимоти комиссия ва роҳхати мақоми дахлдор бе сабабҳои узрнок ба ҷои кор ҳозир намешаванд, муайян менамояд.

2) Аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар мақсаднок буда, баҳри таъмини талаботи корхона, ташкилот ва муассисаҳои ниёзманд ба мутахассисон ба роҳ монда мешавад.

3) Шаҳрвандоне, ки муассисаҳои таълимии давлатиро хатм кардаанд, мувофиқи роҳхати мақомоти дахлдор ва шартномаи тарафайн на камтар аз се сол аз рӯи ихтисос бояд кор кунанд. Иҷро нагардидани талаботи мазкур оқибатҳои ҳуқуқиро ба вуҷуд меорад, ки он аз ӯҳдадориҳои тарафайн бармеояд.

4) Дар ҳолати бе сабабҳои узрнок тибқи тақсимоти комиссия ва роҳхати мақоми дахлдор ба ҷои кори муайяншуда ҳозир нашудани мутахассиси ҷавон, ё аз кор саркашӣ намудан, инчунин қабл аз ба охир расидани мӯҳлати ҳатмиии кор бо сабаби вайрон кардани қонунгузории меҳнат аз кор озод намудани ӯ тамоми хароҷоте, ки барои тайёр намудани мутахассиси ҷавон сарф шудааст, аз ҳисоби ӯ рӯёнида мешавад.

5) Дар ҳолати бо сабабҳои узурнок (ба кори интихобӣ гузаштан, аз даст додани қобилияти корӣ, бе саробон мондани оила (вафоти падар), агар дар оила хоҳару додарони ноболиғ монда бошанд) ба ҷойи кор ҳозир нашудан, мутахассиси ҷавон аз баргардонидани маблағҳои буҷетӣ озод карда мешавад.

6) Корхонаю ташкилот ва муассисаҳо сарфи назар аз шакли моликият, ки бо муассисаи таълимӣ шартнома дар бораи ба кор қабул намудани мутахассисони ҷавон ва ӯҳдадории худ оид ба таъмини мутахассисони ҷавон бо кор тибқи роҳхат иҷро накардааст, ҳамаи хароҷотеро, ки давлат барои таҳсили мутахассиси ҷавон сарф намудааст, бояд баргардонад.

7) Баргардонидани маблағҳои буҷетӣ бо тартиби зерин сурат мегирад:

...

Утратило силу в редакции постановления Правительства РТ от 31 мая 2019 года, №260

Утверждены

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 2 июля 2009 года №391

Утверждены

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 2 июля 2009 года №391

Правила возврата бюджетных средств за счет молодых специалистов не явившихся на место работы согласно направлению

1) Правила возврата бюджетных средств за счет молодых специалистов не явившихся на место работы согласно направлению (далее Правила) разработан на основании Закона Республики Таджикистан "Об образовании". Закона Республики Таджикистан "О высшем и послевузовском профессиональном образовании" и другими нормативными правовыми актами и определяет порядок возврата бюджетных средств за счет молодых специалистов, окончивших учреждения высшего и среднего профессионального образования за счет государственного бюджета не явившихся на место работы, согласно распределению комиссии и направлению соответствующего органа.

2) Подготовка специалистов за счет бюджетных средств для различных сфер экономики страны является целевым и осуществляет обеспечение потребности предприятии, учреждении и организаций нуждающихся в специалистах.

3) Граждане, окончившие государственные образовательные учреждения обязаны не менее 3-х лет работать по специальности по направлению соответствующих органов и договоров сторон. Неисполнение настоящих требований повлечет за собой юридические последствия, которые вытекают из обязательств сторон.

4) В случае неявки молодого специалиста на место работы, согласно распределению комиссии и направлению соответствующего органа без уважительной причины, отказа, а также при его досрочном увольнении с работы за нарушение трудового законодательства, за их счет взимаются все затраты на подготовку молодого специалиста.

5) В случае неявки по уважительным причинам (переход в выборные органы, потери трудоспособности, потери кормильца (отца), если в семье остались несовершеннолетние сестры и братья), молодые специалисты освобождаются от возврата бюджетных средств.

6) Предприятия, учреждения и организации, независимо от форм собственности, заключившие договор с учебным заведением о принятии на работу молодых специалистов и не выполнявшие своих обязательств о трудоустройстве молодых специалистов согласно направлению обязаны возместить государству все расходы, связанные с их подготовкой.

7) Возврат бюджетных средств осуществляется в следующем порядке:

- образовательное учреждение в случае неявки молодого специалиста, обучавшегося за счет государственного бюджета согласно распределению комиссии и направлению соответствующего органа в указанные сроки на место работы без уважительной причины вправе потребовать возврата денежных средств, израсходованных для подготовки молодых специалистов;

...