ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти хусусии тиббӣ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2002 "Дар бораи фаъолияти хусусии тиббӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, № 11, мод. 663; с. 2005, №12, мод. 634 тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Бобҳои Қонун бо рақамҳои арабӣ ишора карда шаванд.
2. Дар моддаи 1:
- ном ва қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
"Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:";
- рақамҳои 1,2,3,4,5,6,7 ва 8 хориҷ карда шуда, ба ҷои онҳо аломати дефис "-" гузошта, сархатҳо бо ҳарфи хурд навишта шаванд;
- дар сархати сеюм калимаҳои "маълумоти олӣ ё миёнаи тиббӣ" ба калимаҳои "таҳсилоти олии касбии тиббӣ ва миёнаи касбии тиббӣ" иваз карда шаванд;
- дар сархати 8 ва дар тамоми матни Қонун калимаҳои "Ёрии аввалиндараҷаи тиббию санитарӣ" ба калимаҳои "Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ" иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 2 ва дар тамоми матни Қонун калимаҳои "ҳамин Қонун" ба калимаҳои "Қонуни мазкур" иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 3 ва дар тамоми матни Қонун калимаҳои "нигаҳдории тандурустӣ" ба калимаҳои "ҳифзи саломатӣ" иваз карда шаванд.
5. Аз моддаи 4 рақамҳои 1,2,3 ва 4 хориҷ карда шуда, ба ҷои онҳо аломати дефис "-" гузошта шуда, калимаҳои аввали ҳар як сархат бо ҳарфҳои хурд навишта шаванд.
6. Дар моддаи 5:
...