ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ХУСУСИИ ТИББӢ
(Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 119, аз 26.03.2009 № 504)
(Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 119, аз 26.03.2009 № 504)
Қонуни мазкур асосҳои умумии ҳуқуқи, иқтисоди ва иҷтимоии бунёд ва амал намудани субъектҳои фаъолияти хусусии тиббиро муайян мекунад, ҳуқуқу вазифаҳои онҳоро дар амали намудани ин шакли фаъолият танзим менамояд.
БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМИ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд :
- субъектҳои фаъолияти хусусии тибби - ташкилотҳои хусусии тиббие, ки фаъолияти хусусии тиббиро амали мегардонанд, ҳамчунин шахсони воқеие, ки ба амалияи хусусии тибби машғул мешаванд ;
- фаъолияти хусусии тибби - фаъолияти шахсони ҳуқуқи ва воқеи оиди расонидани ёри ва хизмати тибби ба аҳоли тибқи шартнома, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
- амалияи хусусии тибби - фаъолият оиди расонидани ёрии тибби бе таъсиси шахси ҳуқуқи аз ҷониби шахсони дорои таҳсилоти олии касбии тиббӣ ва миёнаи касбии тиббӣ мутобиқи ихтисосашон, дар асоси иҷозатномае, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст ;
- ташкилоти хусусии тибби - ташкилоти тиббие, ки амволи он аз моликияти хусуси ё моликияте, ки дар асоси шартномаи иҷора истифода мешавад, иборат аст ;
- ёрии тибби - ин пешгири ва ташхиси бемориҳо, пешгири аз заҳролудшави ва захмдоршави, табобати беморон ва барқарорсозии саломати, назорат ба ҷараёни ҳомилаги, кумаки момои ва назорат ба давраи баъди таваллуд ;
- хизматрасонии тибби - ёрии тиббии пардохтшаванда оиди намуди муайяни бемори, ки дар ҳаҷми муайян тибқи шартнома расонда мешавад ;
...