ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи экспертизаи экологӣ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2003 "Дар бораи экспертизаи экологӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №4, мод.150; с. 2005, №12, мод. 638; с. 2007, №7, мод. 690) тағйироти зерин ворид карда шавад:
1. Бобҳо бо ракамҳои арабӣ ишора гардида, бо ҳарфҳои калон навишта шаванд.
2. Аз дебоча калимаи ", истифодашаванда" хориҷ карда шавад.
3. Дар моддаи 1 калимаҳои "ва анҷомдодашудаи" хориҷ карда шуда, калимаи "пешбинишуда" ба калимаи "пешбинишудаи" иваз карда шавад.
4. Дар моддаи 4:
- аз сархати дуюм калимаҳои "ва иҷрошаванда" хориҷ карда шаванд;
- сархати сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"-баҳодиҳии мутобиқати объектҳои экспертизашавандаи ҷиҳати истифодабарӣ пешбинишуда ба стандартхои экологӣ пеш аз қабули қарор оид ба истифодабарии онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;";
- дар сархати панҷум баъд аз калимаи "таъсири" калимаи "эҳтимолии" илова карда шавад.
5. Дар сархати шашуми қисми 1 моддаи 12 ва дар тамоми матни Қонун калимаҳои "мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо" ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд.
6. Аз қисми 1 моддаи 17 калимаҳои "ё амалишудаистода" хориҷ карда шаванд.
7. Дар номи боби 8 калимаи "Қоидаҳои" ба калимаи "Муқаррароти" иваз карда шавад.
8. Номи моддаи 32 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
...