ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ЭКСПЕРТИЗАИ ЭКОЛОГӢ
(Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 123, 30.07.2007 № 328, аз 31.12.2008 № 468, аз 12.01.2010 № 589)
Қонуни мазкур тартиби умумии ташкил ва гузаронидани экспертизаи экологиро танзим намуда, ҳуқуқ ва ӯҳдадории тарафҳои дар гузаронидани экспертизаи экологӣ иштирокдоштаро муайян мекунад, ҳуқуқи шаҳрвандонро оид ба дарёфт намудани иттилоот дар бораи хатари экологии объектҳои банақшагирифташаванда, сохташудаистода ва тартиби эътирози хулосаҳо ва баррасии баҳсҳо, ки дар асоси онҳо қабул шудаанд, инчунин ҷавобгариро барои вайрон намудани қонунгузорӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ муқаррар менамояд .
БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Экспертизаи экологӣ
Экспертизаи экологӣ ба таври расмӣ муайянкунии мутобиқати фаъолияти пешбинишудаи хоҷагӣ ва дигар фаъолиятҳо ба талаботҳои экологӣ ва муайянкунии имконпазирии истифодаи объектҳои экспертизаи экологӣ бо мақсади пешгирии оқибатҳои эҳтимолии номусоиди таъсиррасонии ин фаъолият ба муҳити зист ва оқибатҳои ба он вобастаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва оқибатҳои дигари истифодаи объекти экспертизаи экологӣ мебошад .
Моддаи 2. Қонунгузорӣ оид ба экспертизаи экологӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба экспертизаи экологӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ,Дар бораи ҳифзи табиат,, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Мақсадҳои экспертизаи экологӣ
Мақсадҳои экспертизаи экологӣ аз инҳо иборатанд:
- пешгирии оқибатҳои манфии имконпазири истифодаи объектҳои экспертизашаванда ва таъсири номусоиди онҳо ба саломатии аҳолӣ, сарватҳои табиӣ, муҳити зист, амнияти экологии ҷомеа, аз ҷумла бартарафкунии зарари онҳо ҳангоми иҷрои фаъолияти идоракунӣ, хоҷагӣ, сармоягузорӣ ва дигар фаъолият оид ба истифодаи объектҳои экспертизашаванда;
- таъмини пешгӯиҳои экологӣ дар асоси ахборот оид ба ҳолат ва тағйиротҳои имконпазири вазъияти экологӣ дар натиҷаи ҷойгиркунӣ ва инкишоф додани қувваҳои истеҳсолкунанда, ки ба саломатии аҳолӣ, сарватҳои табиӣ, муҳити зист ва амнияти экологии ҷомеа таъсири манфӣ намерасонанд;
...