ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 1. Ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №7, мод. 505; с. 2003, №12, мод. 683; с. 2004, №7, мод. 455; с. 2005, №3, мод. 127; с.2008, №3, мод. 190) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 198:
- аз қисми 2 калимаҳои ", ки дар назди судҳои ноҳиявӣ ва шаҳрии маҳалли ҷойгиршавии амвол мебошанд," хориҷ карда шаванд.
2. Дар моддаи 200:
- қисми 3 хориҷ карда шавад;
- аз қисми 5 калимаҳои ", ки иҷрочии суд дар он кор мекунад," хориҷ карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
31 декабри соли 2008 № 452
ш.Душанбе
31 декабри соли 2008 № 452
...