Оинномаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиксемент" аз 2 декабри соли 2008, № 603

Санаи амалкуни: 29.10.2015

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 декабри соли 2008 № 603

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 декабри соли 2008 № 603

тасдиқ шудааст

Оинномаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Сементи Тоҷик"

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.10.2010 № 533, аз 29.10.2015 № 616)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.10.2010 № 533, аз 29.10.2015 № 616)

1. Муқаррароти умумӣ

1.1. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Сементи Тоҷик" (минбаъд - "Ҷамъият") мувофиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи табдилдиҳии Корхонаи воҳиди давлатии "Сементи Тоҷик" таъсис дода шудааст ва вориси ҳуқуқии он мебошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.10.2015 № 616).

1.2. Ҷамъият аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии Оинномаи мазкур мақоми шахси ҳуқуқиро доро гардида, мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.

1.3. Ҷамъият бе маҳдудияти мӯҳлати фаъолияташ таъсис дода шудааст.

1.4 Номгӯи пурраи фирмавии Ҷамъият ба забони тоҷикӣ - Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Сементи Тоҷик" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.10.2015 № 616);

1.5. Номгӯи пурраи фирмавии Ҷамъият ба забони русӣ - Открытое акционерное общество "Таджикцемент".

1.6. Номгӯи мухтасари фирмавии Ҷамъият ба забони тоҷикӣ - ҶСК "Сементи Тоҷик" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.10.2015 № 616).

...

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 декабри соли 2008 № 603

тасдиқ шудааст

Оинномаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиксемент"

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.10.2010 № 533)

1. Муқаррароти умумӣ

1.1. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиксемент" (минбаъд - "Ҷамъият") мувофиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи табдилдиҳии Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиксемент" таъсис дода шудааст ва вориси ҳуқуқии он мебошад.

1.2. Ҷамъият аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии Оинномаи мазкур мақоми шахси ҳуқуқиро доро гардида, мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.

1.3. Ҷамъият бе маҳдудияти мӯҳлати фаъолияташ таъсис дода шудааст.

1.4 Номгӯи пурраи фирмавии Ҷамъият ба забони тоҷикӣ - Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиксемент";

1.5. Номгӯи пурраи фирмавии Ҷамъият ба забони русӣ - Открытое акционерное общество "Таджикцемент".

1.6. Номгӯи мухтасари фирмавии Ҷамъият ба забони тоҷикӣ - ҶСК "Тоҷиксемент".

1.7. Номгӯи мухтасари фирмавии Ҷамъият ба забони русӣ - ОАО "Таджикцемент".

1.8. Маҳалли ҷойгиршавии Ҷамъият: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ 205.

2. Вазъи ҳуқуқии Ҷамъият

2.1. Вазъи ҳуқуқии Ҷамъият мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур муайян карда мешавад.

2.2. Ҷамъият тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ мебошад.

2.3. Муассиси Ҷамъият:

- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо нишонии зерин ҷойгир шудааст: Ҷумҳурии Тоҷикистон - соҳиби 100% саҳмияҳои Ҷамъият мебошад.

2.4. Ҷамъият дорои молу мулки алоҳида ва тавозуни мустақил буда, соҳиби ҳуқуқҳои молумулкӣ ва ғайри молумулкӣ ва дорои ӯҳдадорӣ дар суд ба сифати даъвогар ва ҷавобгар мебошад.

2.5. Ҷамъият ҳуқуқ дорад, ки бо тартиби муқарраршуда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он ҳисобҳои бонкӣ кушояд.

2.6. Ҷамъият аз рӯи ӯҳдадориҳояш бо тамоми молу мулки ба ӯ тааллуқдошта ҷавобгар мебошад.

Ҷамъият аз рӯи ӯҳдадориҳои саҳмдорон ҷавобгар нест. Саҳмдорон аз рӯи ӯҳдадориҳои Ҷамъият дар доираи арзиши саҳмияҳои ба онҳо тааллуқшуда ҷавобгаранд.

2.7. Ҷамъият дорои мӯҳри доирашакл мебошад, ки дар он номгӯи пурраи фирмавӣ сабт гардидааст.

Ҷамъият ҳуқуқ дорад, ки мӯҳр ва бланкҳоро бо сабти номи фирмавӣ, нишона ва инчунин тамғаи молӣ ва дигар воситаҳои фарқкунандаи ҳаммонанде, ки тибқи тартиботи муқарраргардида ба қайд гирифта шудаанд, дошта бошад.

2.8. Ҷамъият метавонад, филиалҳо ва намояндагиҳоро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он тибқи қонунгузории давлати хориҷӣ, ки дар он ҷо филиал ва намояндагӣ ҷой гирифтаанд, кушояд, агар мувофиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

Филиалҳо ва намояндагиҳои Ҷамъият шахсони ҳуқуқӣ набуда, аз номи Ҷамъият дар асоси низомномаҳои аз тарафи Ҷамъият тасдиқшуда фаъолият менамоянд. Филиалҳо ва намояндагиҳо аз ҷониби Ҷамъият бо амвол таъмин мегардад, ки он ҳам дар тавозуни алоҳидаи онҳо ва ҳам дар тавозуни Ҷамъият ба ҳисоб гирифта мешаванд.

Ҷамъият барои фаъолияти филиал ва намояндагии худ масъул мебошад.

Маълумот дар бораи филиалҳо ва намояндагиҳои Ҷамъият дар замима ба Оинномаи мазкур нишон дода мешаванд.

Ҷамъият метавонад мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории давлати хориҷӣ, агар дар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбини нашуда бошад, ҷамъиятҳои саҳомии фаръӣ ва вобастаи дорои ҳуқуқи шахси ҳуқуқиро дошта бошад.

3. Мақсад ва намудҳои фаъолияти Ҷамъият

3.1. Мақсади асосии фаъолияти Ҷамъият - ба даст овардани фоида мебошад.

3.2. Барои ба даст овардани фоида Ҷамъият ҳуқуқ дорад, ҳама намуди фаъолиятро, ки ба қонунгузорӣ мухолиф нест, аз ҷумла инҳоро амалӣ созад:

- истихроҷ ва коркарди ашёи минералӣ;

- истеҳсоли навъҳои гуногуни семент;

- истеҳсоли намудҳои гуногуни масолеҳи сохтмон;

- фурӯши маҳсулот ва хизматрасонӣ;

- кушодани нуқтаҳои тиҷоратии фурӯши маҳсулоти истеҳсолшудаи Ҷамъият;

- бо тартиби муқарраргардида содир намудани маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона;

- бо тартиби муқарраргардида ворид намудани таҷҳизот ва технологияи муосир барои истеҳсоли семент ва маҳсулоти он;

3.3. Ба баъзе намудҳои фаъолият, ки номгӯи онҳо тибқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, Ҷамъият метавонад, фақат дар асоси иҷозатнома (литсензия) фаъолият намояд.

Ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияте, ки гирифтани иҷозатномаи махсусро талаб мекунад, аз лаҳзаи гирифтани ин гуна иҷозатнома ё мӯҳлати дар он нишондодашуда оғоз гардида, то санаи эътибор доштани он давом мекунад, агар тибқи қонун ё дигар санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад.

4. Сармояи оинномавии Ҷамъият

4.1. Сармояи оинномавии Ҷамъият аз арзиши номиналии саҳмияҳои Ҷамъият иборат мебошад.

4.2. Сармояи оинномавии Ҷамъият 154 000 000 (як саду панҷоҳу чор миллион) сомониро ташкил медиҳад. Сармояи оинномавӣ ба 154 000 (як саду панҷоҳу чор ҳазор) саҳмияҳои оддии номӣ тақсим шудааст. Арзиши номиналии ҳар як саҳмия 1000 (як ҳазор) сомониро ташкил медиҳад.

Сармояи оинномавии Ҷамъият дар шакли бино, иморат, таҷҳизот ва дигар арзишҳои моддӣ, қоғазҳои қиматнок, моликияти зеҳнӣ (ноу-хау), инчунин дигар ҳуқуқҳои амволӣ, воситаҳои пулӣ ташаккул меёбад. Арзиши саҳмҳо бо пули миллӣ нархгузорӣ карда мешавад.

Сармояи оинномавии Ҷамъият метавонад:

- бо роҳи зиёд намудани арзиши номиналии саҳмияҳо ё барориши саҳмияҳои иловагӣ зиёд карда шавад;

- бо роҳи кам кардани арзиши номиналии саҳмияҳо ё кам кардани шумораи умумии онҳо ё бо тариқи харида гирифтани қисме аз саҳмияҳо тибқи ҳолатҳои дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" пешбинишуда кам карда шавад.

4.3. Зиёд намудани сармояи оинномавии Ҷамъият фақат баъди пардохти пурраи он мумкин аст.

Зиёд намудани сармояи оинномавии Ҷамъият бо мақсади ҷуброн намудани зараре, ки ба Ҷамъият расидааст ё барои пардохти қарзи мӯҳлаташ гузашта роҳ дода намешавад.

4.4. Кам кардани Сармояи оинномавӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур амалӣ гардонида мешавад.

4.5. Ҷамъият вазифадор аст, ки сармояи оинномавии худро дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кам намояд.

5. Саҳмдорони Ҷамъият, ҳуқуқҳо ва вазифаҳои онҳо

5.1. Ҷамъият вазифадор аст, ки бурдан ва нигоҳдории реестри саҳмдорони Ҷамъиятро мутобиқи санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии Ҷамъият таъмин намояд.

5.2. Ҳар як саҳмияи оддии Ҷамъият ба саҳмдор ҳаҷми баробари ҳуқуқҳоро фароҳам меорад.

Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои саҳмдорон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

5.3. Ҷамъият барои маълумоти умумӣ ҳисоботро оид ба баланси муҳосибавӣ ва ҳисоботро дар бораи фоидаи ба даст омада ва зарар ҳарсола интишор менамояд.

5.4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар идоракунии Ҷамъият дорои ҳуқуқи махсус ("саҳмияи тиллоӣ") мебошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.10.2010 № 533).

6. Суди (дивиденди) саҳмияҳо

6.1. Ҷамъият вазифадор аст, соле на кам аз як маротиба оид ба пардохти суди саҳмияҳо аз рӯи саҳмияҳои паҳнкардашуда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кунад.

6.2. Қарор дар бораи пардохти суди саҳмияҳои солона, маблағи суди саҳмия аз рӯи ҳар як намуди саҳмияҳо аз ҷониби Маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъият қабул карда мешавад.

Маблағи суди саҳмия аз андозаи тавсиянамудаи Шӯрои директорони Ҷамъият зиёд буда наметавонад.

Маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъият ҳуқуқ дорад, қарорро дар бораи напардохтани суди саҳмияҳо аз рӯи саҳмияҳои оддӣ қабул намояд.

6.3. Суди саҳмияҳо аз даромади софи Ҷамъият бо асъори миллӣ пардохта мешавад.

6.4. Рӯйхати шахсоне, ки барои гирифтани суди саҳмияҳо ҳуқуқ доранд, дар санаи таҳияи рӯйхати шахсоне, ки барои иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъият ҳуқуқ доранд, тартиб дода мешавад.

6.5. Мӯҳлати пардохти суди саҳмияҳо тибқи Оинномаи Ҷамъият ё қарори Маҷлиси умумии саҳмдорон дар хусуси пардохти суди саҳмияҳо муайян карда мешавад. Агар дар Оинномаи Ҷамъият ё қарори Маҷлиси умумии саҳмдорон санаи пардохти суди саҳмияҳо муайян нашуда бошад, мӯҳлати пардохти он набояд аз рӯзи қабули қарор дар хусуси пардохти суди саҳмияҳо аз 90 рӯз бештар бошад.

7. Фондҳои Ҷамъият

7.1. Ҷамъият баробар ба 5 (панҷ) фоизи сармояи оинномавӣ фонди захиравӣ ташкил менамояд.

Ҳиссаҷудокунии ҳатмии ҳарсола ба фонди захиравии Ҷамъият то расидан ба маблағи муқарраршудаи фонди захиравӣ ба 7 фоизи маблағи фоидаи софи Ҷамъият баробар мебошад.

8. Мақомоти идоракунии Ҷамъият

8.1. Мақомоти идоракунии Ҷамъият инҳоянд:

- мақоми олӣ - Маҷлиси умумии саҳмдорон;

- мақоми идора - Шӯрои директорони Ҷамъият;

- мақоми иҷроия - Директори генералӣ;

- мақоми назоратӣ - Комиссияи тафтишотӣ (ревизор).

9. Маҷлиси умумии саҳмдорон

9.1. Дар Ҷамъияти саҳомӣ, ки ҳамаи саҳмияҳои овоздор ба як саҳмдор тааллуқ доранд, қарорҳо оид ба масъалаҳои марбути салоҳияти Маҷлиси умумии саҳмдорон аз ҷониби ҳамин саҳмдор шахсан қабул гардида, хаттӣ ба расмият дароварда мешавад.

9.2. Ба салоҳияти истисноии Маҷлиси умумии саҳмдорон масъалаҳои зерин мансубанд:

- ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи Ҷамъият ё тасдиқи он дар таҳрири нав;

- азнавташкилдиҳии ихтиёрии Ҷамъият;

- барҳамдиҳии Ҷамъият, таъини Комиссияи барҳамдиҳӣ ва тасдиқи тавозуни фосилавӣ ва ниҳоии барҳамдиҳӣ;

- муайян намудани шумораи аъзои Шӯрои директорони Ҷамъият, интихоби аъзои он ва пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколатҳои онҳо;

- муайян намудани миқдор, арзиши номиналӣ, намуди (навъи) саҳмияҳои эълоншуда ва вомбаргҳо ва ҳамчунин ҳуқуқҳое, ки ба ин саҳмияҳо ва вомбаргҳо дода шудааст;

- зиёд кардани Сармояи оинномавии Ҷамъият бо роҳи зиёд кардани арзиши номиналии саҳмияҳо ё бо роҳи паҳн кардани саҳмияҳои иловагӣ;

- кам кардани сармояи оинномавии Ҷамъият бо роҳи кам кардани арзиши номиналии саҳмияҳо, бо роҳи як қисми ин саҳмияҳоро бо мақсади кам кардани миқдори умумии онҳо харидани Ҷамъият ва инчунин бо роҳи пардохтани арзиши саҳмияҳои ба дастоварда ё азнавхаридаи Ҷамъият;

- таъсиси мақомоти идоракунии Ҷамъият (аз ҷумла мақомоти иҷроияи Ҷамъият), тасдиқи низомномаҳои онҳо, пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколатҳои онҳо;

- тасдиқи аудитори Ҷамъият ва подошпулии он. Интихоби Комиссияи тафтишотии Ҷамъият;

- тасдиқи ҳисоботи солона, ҳисоботи солонаи муҳосибавӣ, аз ҷумла ҳисобот дар бораи фоида ва зарари (ҳисоби даромад ва зарари) Ҷамъият, инчунии тақсими фоида, аз ҷумла пардохти (эълони) суди саҳмияҳо ва товони зарари Ҷамъият аз рӯи натиҷаҳои соли молиявӣ;

- тасдиқи дастури кори Маҷлиси умумии саҳмдорон;

- қабули қарор оид ба пардохти мукофотпулӣ ё ҷубронпулӣ ба аъзои Шӯрои директорони Ҷамъият;

- қабули қарор оид ба пардохти мукофотпулӣ ё ҷубронпулӣ ба аъзои Комиссияи тафтишотӣ (Ревизор);

- паҳн кардани саҳмияҳои оддӣ ва вомбаргҳои ба саҳмияи оддӣ табдилшаванда, ки беш аз 25 фоизи саҳмияҳои оддии қаблан паҳнкардаро ташкил медиҳанд.

- қабули қарор дар бораи маъқул донистани ахдҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои 81 ва 85 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ";

- муайян намудани нархи саҳмияҳои ба таври иловагӣ паҳнкардашуда дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ";

- харидорӣ намудани саҳмияҳои паҳнкардашуда дар ҳолатҳои пешбининамудаи Оинномаи мазкур аз ҷониби Ҷамъият;

- қабули қарор оид ба тақсим ва муттаҳидсозии саҳмияҳои Ҷамъият;

- қабули қарор дар бораи иштироки Ҷамъият дар таъсис ё фаъолияти дигар шахсони ҳуқуқӣ бо роҳи супурдани як ё якчанд қисми дороӣ ба маблағе, ки дар маҷмӯъ 25 фоиз ё бештари ҳамаи дороии Ҷамъиятро ташкил медиҳад;

- тасдиқи ҳуҷҷатҳои дохилии Ҷамъият

- пардохти суди (дивиденди) саҳмия;

- дигар масъалаҳое, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ба салоҳияти Маҷлиси умумии саҳмдорон мансубанд.

9.3. Масъалаҳои марбут ба салоҳияти истисноии Маҷлиси умумии саҳмдорон наметавонанд, ҷиҳати ҳал ба Шӯрои директорони Ҷамъият ирсол гарданд.

9.4. Қарори Маҷлиси умумии саҳмдорон оид ба масъалаҳои воҷиби овоздиҳӣ бо аксарияти овози саҳмдорони Ҷамъият, ки дар маҷлис иштирок намудаанд, қабул карда мешавад, агар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" барои қабули қарор тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.

9.5. Қарори Маҷлиси умумии саҳмдорон бо аксарияти аз чор се ҳиссаи овози саҳмдорон, ки дар Маҷлиси умумии саҳмдорон иштирок доранд аз рӯи масъалаҳои зерин қабул карда мешавад:

- ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи Ҷамъият ё тасдиқи Оиннома дар таҳрири нав;

- азнавташкилдиҳии ихтиёрии Ҷамъият;

- барҳам додани Ҷамъият, таъин намудани Комиссияи барҳамдиҳӣ ва тасдиқи тавозуни фосилавӣ ва ниҳоии барҳамдиҳӣ;

- зиёд намудани сармояи оинномавии Ҷамъият тавассути зиёд намудани арзиши номиналии саҳмияҳо ё паҳнкунии саҳмияҳои иловагӣ;

- кам кардани Сармояи оинномавии Ҷамъият тавассути кам кардани арзиши номиналии саҳмияҳо, бо роҳи аз тарафи Ҷамъият харида гирифтани қисми саҳмияҳо бо мақсади кам кардани миқдори умумии онҳо, инчунин тавассути пардохт намудани саҳмияҳои аз тарафи Ҷамъият ба даст овардашуда ё харидашуда;

- қабул намудани қарор оид ба маъқул донистани аҳдҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои 81 ва 85 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ";

- масъалаҳои дигари бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" пешбинишуда.

9.6. Маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъият ҳуқуқ надорад, аз рӯи масъалаҳое, ки ба рузномаи Маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъият дохил нашудаанд, қарор қабул кунад, инчунин рӯзномаро дигар кунад.

9.7. Вазифаи Раисикунандаро дар Маҷлиси умумии саҳмдорон Раиси Шӯрои директорон ё муовини ӯ амалӣ месозад. Дар мавриди иштирок накардани онҳо яке аз аъзои Шӯрои директорон бо интихоби аъзои Шӯрои директорон маҷлисро раисӣ мекунад.

10. Гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон

10.1. Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъият тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" гузаронида мешавад.

11. Шӯрои директорони Ҷамъият

11.1. Ба салоҳияти Шӯрои директорони Ҷамъият масъалаҳои роҳбарии умумии фаъолияти Ҷамъият мансубанд, ба истиснои ҳалли масалаҳое, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ва Оинномаи мазкур ба салоҳияти Маҷлиси умумии саҳмдорон вогузор шудааст.

Ба салоҳияти Шӯрои директорони Ҷамъият чунин масъалаҳо дохил мешаванд:

- муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҷамъият;

- тасдиқ намудани нақшаҳои солонаи молиявӣ ва тиҷоратии Ҷамъият, ҳисоботҳо оид ба иҷрои онҳо, инчунин тасдиқи сметаҳои ҳарсола;

- даъвати Маҷлиси умумии солона ва ғайринавбатии саҳмдорони Ҷамъият;

- тасдиқи рӯзномаи Маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъият;

- интихоби котиби Маҷлиси умумии саҳмдорон;

- муайян намудани санаи таҳияи рӯйхати шахсони дорои ҳуқуқи иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон ва тасдиқи сметаи хароҷот барои гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъият, ҳалли дигар масъалаҳое, ки ба омодагӣ ба Маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъият алоқаманд мебошанд;

- аз ҷониби Ҷамъияти саҳомӣ паҳн кардани саҳмияҳо, вомбаргҳо ва дигар коғазҳои қиматноки эмиссионӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ";

- ба даст овардани коғазҳои қиматноки эмиссионӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ";

- харидани саҳмияҳо, вомбаргҳо ва дигар коғазҳои қиматноки фурӯхтаи Ҷамъияти саҳомӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ";

- пешниҳоди тавсияҳо вобаста ба андозаи пардохти подош ва ҷубронпулӣ ба аъзои Комиссияи тафтишотии Ҷамъият ва муайян намудани андозаи хизматрасонии аудитор;

- таъсиси филиалҳо ва кушодани намояндагиҳои Ҷамъияти саҳомӣ;

- дигар масъалаҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ва Оинномаи мазкур;

12. Интихоби Шӯрои директорони Ҷамъият

12.1. Ҳайати Шӯрои директорони Ҷамъият 7 (ҳафт) нафар муайян мегардад.

12.2. Аъзои Шӯрои директорони Ҷамъият дар Маҷлиси умумии саҳмдорон бо аксарияти овозҳои саҳмдорони дар маҷлис иштирокдошта ба мӯҳлати то Маҷлиси умумии солонаи минбаъдаи саҳмдорон интихоб карда мешавад.

Дар сурати интихоб шудани Шӯрои директорони Ҷамъият дар Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорони Ҷамъият, аъзои Шӯрои директорони Ҷамъият то Маҷлиси умумии солонаи минбаъдаи саҳмдорон интихобшуда ҳисобида мешаванд.

13. Мақоми иҷроияи Ҷамъият. Директори генералӣ

13.1. Ба фаъолияти ҷории Ҷамъият мақоми инфиродии иҷроияи Ҷамъият- Директори генералӣ роҳбарӣ мекунад.

13.2. Директори генералии Ҷамъият ба Маҷлиси умумии саҳмдорон ва Шӯрои директорони Ҷамъият ҳисоботдиҳанда аст.

13.3. Ба салоҳияти Директори генералии Ҷамъият ҳамаи масъалаҳои роҳбарии фаъолияти ҷории Ҷамъият, ба истиснои масъалаҳои таҳти салоҳияти Маҷлиси умумии саҳмдорон, Шӯрои директорони Ҷамъият қарордошта марбутанд.

13.4. Директори генералии Ҷамъият бе ваколатнома аз номи Ҷамъият амал мекунад.

13.5. Салоҳият ва фаъолияти Директории генералии Ҷамъият мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" сурат мегирад.

14. Комиссияи тафтишотии Ҷамъият

14.1. Ҷиҳати муайян намудани назорати фаъолияти молиявию хоҷагии Ҷамъият, Маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъият аз ҷумлаи саҳмдорон дар ҳайати на камтар аз се аъзо то мӯҳлати Маҷлиси умумии солонаи оянда Комиссияи тафтишотии Ҷамъиятро интихоб менамояд.

14.2. Тартиби фаъолияти Комиссияи тафтишотии Ҷамъият тибқи ҳуҷҷати дохилии Ҷамъият, ки Маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъият тасдиқ менамояд, муайян карда мешавад.

15. Аудитори Ҷамъият

15.1. Барои амалигардонии тафтиши мустақили ҳарсолаи фаъолияти молиявию ҳоҷагидории Ҷамъият, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аудити ҳисоботи солона, тавозуни солонаи муҳосибӣ Ҷамъият аудиторро ҷалб мекунад.

15.2. Аудитор наметавонад, бо Ҷамъият бо манфиятҳои молумулкӣ вобаста бошад.

15.3. Аудитори Ҷамъият ва андозаи мукофоти ӯро Маҷлиси умумии саҳмдорон тасдиқ менамояд.

16. Баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботи молиявии Ҷамъият

16.1. Ҷамъият вазифадор аст, баҳисобгирии муҳосибавиро пеш бурда, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур ҳисоботи молиявиро пешниҳод кунад.

16.2. Масъулияти ташкил, ҳолат ва саҳеҳии баҳисобгирии муҳосибавӣ дар Ҷамъият, сари вақт пешниҳод намудани ҳисоботи солона ва дигар ҳисоботи молиявӣ ба мақомоти дахлдори давлатӣ, инчунин маълумот оид ба фаъолияти Ҷамъият, ки барои саҳмдорони Ҷамъият, кредиторон ва воситаҳои ахбори омма пешниҳод мегарданд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур ба зиммаи Директории генералии Ҷамъият гузошта шудааст.

16.3. Саҳеҳии маълумоти ҳисоботи солонаи Ҷамъият ва ҳисоботи солонаи муҳосибавӣ бояд аз ҷониби Комиссияи тафтишотӣ ё Аудитори Ҷамъият, тасдиқ карда шавад.

16.4. Ҳисоботи солонаи Ҷамъият, тавозуни муҳосибӣ, ҳисоби зарару фоидаҳо, тақсимоти фоидаю зарарҳои Ҷамъият бояд пешакӣ аз ҷониби Шӯрои директорони Ҷамъият дар давоми 30 (сӣ) рӯз то гузаронидани Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъият тасдиқ карда шавад.

17. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Ҷамъият

17.1. Азнавташкилдиҳии Ҷамъият метавонад, ихтиёрӣ бо роҳи муттаҳидшавӣ, ҳамроҳшавӣ, тақсимшавӣ, ҷудошавӣ, табдилдиҳӣ, инчунин бо асосҳо ва тартиби муайяннамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардад.

17.2. Ҷамъият метавонад, бо қарори суд ё ба таври ихтиёрӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ва Оинномаи мазкур барҳам дода шавад.

17.3. Дар сурати азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳии Ҷамъият ё қатъ намудани корҳое, ки дорои маълумоти сирри давлатӣ мебошанд, Ҷамъият ӯҳдадор аст, ҳифзи ин маълумот ва омилҳои онро бо роҳи таҳия ва амалисозии чораҳои махфият, ҳифзи маълумот, ҳифз ва бехатарии сӯхторро таъмин намояд.