Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 октябри соли 2015 № 616 "Дар бораи масъалаҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Сементи Тоҷик"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи масъалаҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Сементи Тоҷик"

Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаҳои 63 ва 64 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ", моддаҳои 21 ва 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Сементи Тоҷик" таъсис дода шуда, Низомнома ва Ҳайати Шӯрои нозирони он тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, № 603 "Дар бораи тасдиқи Оинномаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи Тоҷиксемент" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар ном ва матни қарор ва Оиннома калимаи "Тоҷиксемент" ба калимаҳои "Сементи Тоҷик" иваз карда шаванд;

- дар матни Оиннома калимаҳои "Шӯрои директорон" ба калимаҳои "Шӯрои нозирон" иваз карда шаванд; ба боби 7 Оиннома бандҳои зерин илова карда шаванд:

"7.2. Фонди захиравии Ҷамъият ҳангоми мавҷуд набудани дигар маблағҳо барои пӯшонидани зарари молиявии он, пардохти вомбаргҳои (облигатсияҳои) Ҷамъият ва харидории саҳмияҳои Ҷамъият истифода мегардад.

7.3. Истифодабарии Фонди захиравии Ҷамъият ба мақсадҳои дигар манъ аст.

7.4. Ҷамъият метавонад бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фондҳои дигарро, ки фаъолияти молиявию хоҷагидории онро таъмин менамоянд, таъсис диҳад.

7.5. Манбаъҳои ташаккулёбии молу мулки Ҷамъият инҳо мебошанд:

- молу мулки аз Муассис гирифташуда;

- молу мулки аз ҳисоби маблағҳои Ҷамъият харидоригардида;

- кӯмакҳои молиявии бебозгашт ва хайриявии ташкилотҳои гуногун;

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О вопросах Открытого акционерного общества "Сементи Точик"

В соответствии со статьей 14 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан", статьями 63 и 64 Закона Республики Таджикистан "Об акционерных обществах", статьями 21 и 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Создать Наблюдательный совет Открытого акционерного общества "Сементи Точик", утвердить его Положение и Состав Наблюдательного совета (приложения 1 и 2).

2. Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 декабря 2008 года, №603 "Об утверждении Устава Открытого акционерного общества "Таджикцемент" следующие изменения и дополнения:

- в названии и тексте постановления и Устава слово "Таджикцемент" заменить словами "Сементи Точик";

- в тексте Устава слова "Совет директоров" заменить словами "Наблюдательный совет";

- дополнить главу 7 Устава следующими пунктами:

"7.2. Резервный фонд Общества при нехватке иных средств используется для покрытия финансовых убытков, оплаты облигаций Общества и приобретения акций Общества.

7.3. Использование Резервного фонда Общества в других целях запрещается.

7.4. Общество в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан, может образовать другие фонды, обеспечивающие его финансово-хозяйственную деятельность.

7.5. Источниками формирования имущества Общества являются:

- имущество, полученное от Учредителя;

- имущество, приобретенное за счет средств Общества;

...