Низомномаи Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2003, № 74

Санаи амалкуни: 04.07.2006

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006 с. № 614 беэътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 феврали соли 2003 № 74

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 феврали соли 2003 № 74

тасдиқ шудааст

Низомномаи Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.06.2006с. № 269, аз 04.07.2006с. № 311)

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.06.2006с. № 269, аз 04.07.2006с. № 311)

1. Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кумитаи давлатӣ) мақоми идораи давлатӣ буда, дар соҳаи сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ сиёсати ягонаи давлатиро таҳия ва татбиқ менамояд.

2. Кумитаи давлатӣ фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар вазоратҳо, ташкилоту идораҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроияи дар маҳалҳо (ҳукуматҳо), созмонҳои ҷамъиятӣ, инчунин дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликият, анҷом медиҳад.

3. Кумитаи давлатӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқи байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.

4. Вазифаҳои асосии Кумитаи давлатӣ аз инҳо иборатанд:

- таҳия ва пешбурди сиёсати ягонаи давлатии илмию техникӣ дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ;

- ташкил ва таҳияи лоиҳаҳои санадҳои қонунгузорӣ дар бораи фаъолияти инвестисионӣ дар сохтмони асосӣ ва дигар санадҳои меъёрии марбут ба лоиҳакашӣ, фаъолияти пудратӣ, шаҳрсозӣ, истеҳсоли маҳсулоти бинокорӣ;

...

Утратило силу в редакции Постановления Правительства РТ от 28.12.2006г. №614

Утверждено

 постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от 28 февраля 2003 года № 74

Утверждено

 постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от 28 февраля 2003 года № 74

Положение Государственного комитета строительства и архитектуры Республики Таджикистан

(в редакции Постановления Правительства РТ от 3.06.2006г.№269, от 4.07.2006г.№311)

(в редакции Постановления Правительства РТ от 3.06.2006г.№269, от 4.07.2006г.№311)

1. Государственный комитет строительства и архитектуры Республики Таджикистан (далее Госкомитет) является органом государственного управления, осуществляющим разработку и реализацию единой государственной политики в областях строительства, архитектуры, градостроительства.

2. Госкомитет осуществляет свою деятельность во взаимодействии с другими министерствами, ведомствами, организациями, органами исполнительной власти на местах (Хукуматами), общественными объединениями, а также другими юридическими и физическими лицами, независимо от формы собственности.

3. Госкомитет руководствуется в своей деятельности Конституцией Республики Таджикистан, законами Республики Таджикистан, решениями Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, указами и распоряжениями Президента Республики Таджикистан, постановлениями и распоряжениями Правительства Республики Таджикистан, международно-правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан, и настоящим Положением.

4. Основными задачами Госкомитета являются:

- разработка и проведение единой государственной, научно-технической политики в области строительства и архитектуры;

- организация и разработка проектов законодательных актов об инвестиционной деятельности в капитальном строительстве и других нормативных актов, относящих к проектированию, подрядной деятельности, градостроительству, производству строительной продукции;

...