Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 614 "Дар бораи Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 03.10.2012

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2014 № 150 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.10.2012 № 559)

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.10.2012 № 559)

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ, Номгӯйи ташкилотҳои системаи Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1,2,3,4).

2. Шумораи ниҳоии кормандони Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 124 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ 52 воҳид муқаррар карда шавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.10.2012 № 559).

Маблағгузории 112 воҳид аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 12 воҳид аз ҳисоби маблағҳои махсус анҷом дода шавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.10.2012 № 559).

3. Ба Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 3 муовини Директор, аз ҷумла як муовини аввал ва ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар дошта бошад.

Ба Агентии сохтмон ва меьмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 10 адад, аз ҷумла барои дастгоҳи марказӣ 6 адад муқаррар карда шавад.

4. Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ:

- низомномаҳои хадамоти дар нақшаи идоракунии Агентӣ нишондодашударо таҳия намуда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;

- доир ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба санадҳои сохтмони меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;

...

Утратил силу в редакции постановления Правительства РТ от 03.03.2014г. № 150

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

0б Агентстве по строительству и архитектуре при Правительстве Республики Таджикистан

(в редакции постановления Правительства РТ от 03.10.2012г. №559)

(в редакции постановления Правительства РТ от 03.10.2012г. №559)

Согласно статьи 12 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и во исполнении Указа Президента Республики Таджикистан от 30 ноября 2006 года №9 "О совершенствование структуры центральных органов исполнительной власти Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Положение, Структуру центрального аппарата, Схему управления, Перечень организаций системы Агентства по строительству и архитектуре при Правительстве Республики Таджикистан, (приложения 1,2,3,4).

2. Утвердить предельную численность работников Агентства по строительству и архитектуре при Правительстве Республики Таджикистан в количестве 124 единицы (без обслуживающего персонала), в том числе центральный аппарат 52 единицы (в редакции постановления Правительства РТ от 03.10.2012г. №559) .

Оплата 112 единиц производится за счет республиканского бюджета и 12 единицы за счет специальных средств (в редакции постановления Правительства РТ от 03.10.2012г. №559) .

3. Разрешить Агентству по строительству и архитектуре при Правительстве Республики Таджикистан иметь 3 заместителей Директора, в том числе одного первого заместителя директора Агентства и образовать коллегию в составе 7 человек.

Для Агентства по строительству и архитектуре при Правительстве Республики Таджикистан определить лимит служебных легковых автомобилей и автомашин других модификаций в количестве 10 единиц, в том числе для центрального аппарата 6 единиц.

4. Агентство по строительству и архитектуре при Правительств Республики Таджикистан в двух месячных срок:

разработать и представить на рассмотрение, Правительства Республики Таджикистан положение органов, предусмотренные в схеме управления Агентства;

- представить предложения по внесению изменении и дополнений в отраслевые нормативные правовые акты Республики Таджикистан;

...