Низомномаи Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 614

Санаи амалкуни: 03.10.2012

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2014 № 150 аз эътибор соқит дониста шуд.

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 614

тасдиқ шудааст

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 614

тасдиқ шудааст

НИЗОМНОМАИ Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.02.2009 № 78, 7.03.2009 № 144, аз 30.10.2010 № 579, аз 03.10.2012 № 559)

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.02.2009 № 78, 7.03.2009 № 144, аз 30.10.2010 № 579, аз 03.10.2012 № 559)

I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Агентӣ) мақоми марказии ҳокимияти иҷроия буда, фаъолиятро ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатӣ, танзими меъёрии ҳуқуқӣ, хизматрасонии давлатӣ ва идораи амволи давлатӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ, сохтмон ва меъморӣ анҷом медиҳад.

2. Роҳбарии фаъолияти Агентӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

3. Агентӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.

4. Агентӣ фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.

...

Утратил силу в редакции постановления Правительства РТ от 03.03.2014г. № 150

Приложение 1

 Утверждено

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 28 декабря 2006 года № 614

Приложение 1

 Утверждено

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 28 декабря 2006 года № 614

Положение об Агентстве по строительству и архитектуре при Правительстве Республики Таджикистан

(в редакции Постановления Правительства РТ от 2.02.2009г.№78, от 7.03.2009г.№144, от 1.10.2009г.№554, от 30.10.2010г.№579, от 03.10.2012г.№559)

(в редакции Постановления Правительства РТ от 2.02.2009г.№78, от 7.03.2009г.№144, от 1.10.2009г.№554, от 30.10.2010г.№579, от 03.10.2012г.№559)

I. Общие положения

1. Агентство по строительству и архитектуре при Правительстве Республики Таджикистан (далее - Агентство) является центральным органом исполнительной власти, осуществляющим функции по проведению государственной политики, нормативно-правовому регулированию, оказанию государственных услуг и управлению государственным имуществом в сфере градостроительства, строительства и архитектуры.

2. Руководство деятельностью Агентства осуществляет Правительство Республики Таджикистан.

3.Агентство в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, конституционными и законами Республики Таджикистан, постановлениями Маджлиси милли и Маджлиси намояндагони Маджлиси Оли Республики Таджикистан, указами и распоряжениями Президента Республики Таджикистан, постановлениями и распоряжениями Правительства Республики Таджикистан, международно-правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан, и настоящим Положением.

4. Агентство осуществляет свою деятельность во взаимодействии с другими центральными органами исполнительной власти, местными исполнительными органами государственной власти, общественными и иными организациями.

...