Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуки кӯдак
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади такмили минбаъдаи сиёсати давлатӣ бобати дастгирии оилаву кӯдак Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуки кӯдак таъсис дода шуда, ҳайати он тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 октябри соли 2008 № 532
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "31" октябри соли 2008 № 532
тасдиқ шудааст
Ҳайати Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак
1. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сарпарастии масъалаҳои марбутаро ба ӯҳда дорад - Раиси Комиссия
2. Мудири Шӯъба оид ба масъалаҳои ҷавонон, спорт ва туризми Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини Раиси Комиссия
3. Мудири Шӯъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
4. Мудири Шӯъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
5. Мудири Шӯъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
6. Муовини Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
7. Муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
8. Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
9. Муовини аввали Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
10. Муовини аввали Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
11. Муовини аввали Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон
12. Муовини аввали Раиси Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон
13. Муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
14. Муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
15. Намояндаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ (бо мувофиқа)
16. Намояндаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ (бо мувофиқа)
17. Сармутахассиси Шӯъба оид ба масъалаҳои ҷавонон, спорт ва туризми Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Котиби масъули Комиссия