ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008, №532
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба замимаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008, №532 «Дар бораи Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак» тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1)дар банди 6 калимаҳои «илму маърифати» ба калимаҳои «маориф, фарҳанг ва иттилооти» иваз карда шаванд;
2)дар банди 18 аломат ва калимаҳои «, варзиш ва сайёҳии» ба калимаҳои «ва варзиши» иваз карда шаванд;
3)банди 20 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«20. Муовини якуми раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;»;
4)банди 21 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«21. Муовини якуми раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.».
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 24 июли соли 2025, № 410
...