Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2000, № 135 "Дар бораи тасдиқи ҳайати бахши тоҷикистонии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Белорус оид ба ҳамкорӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.07.2002с. № 268 беэътибор дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи ҳайати бахши тоҷикистонии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Белорус оид ба ҳамкорӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Бо мақсади таҳияи барномаи комплексии густариши минбаъдаи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Белорус, бахши тоҷикистонии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Белорус дар ҳайати зерин тасдиқ карда шавад:

Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (роҳбар)

Вазири иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси Кумитаи саноати мудофиаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мудири шӯъбаи робита бо кишварҳои ИДМ-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мудири шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус

Муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини Раиси Кумитаи давлатии қарордод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини Раиси Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси корпоратсияи "Мадад"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори идораи асъори Бонки миллии Тоҷикистон

Муовини Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини якуми раиси "Тоҷикматлубот"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини директори Агентии дастгирӣ ва тарақии соҳибкории хурди назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Намояндаи тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Белорус

2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 1998 № 493 "Дар бораи таъсиси бахши тоҷикистонии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Белорус оид ба ҳамкорӣ" беэътибор дониста шавад.

3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарафи белорусро аз қарори мазкур огоҳ созад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Э. Раҳмонов

аз 27 марти соли 2000 № 135

ш. Душанбе