Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2012, № 673 "Дар бораи додани имтиёзҳои андозӣ ба корхонаҳои азнавтаъсисёфта, ки ба силсилаи коркарди пурраи нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ (аз калобаи пахта то маҳсулоти пахтагини дӯзандагӣ) машғуланд"

Санаи амалкуни: 30.04.2015

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи додани имтиёзҳои андозӣ ба корхонаҳои навтаъсис, ки ба силсилаи коркарди пурраи нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ (аз калобаи пахта то маҳсулоти пахтагини дӯзандагӣ) машғуланд

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.02.2009 № 94, аз 5.03.2011 № 147, аз 01.12.2012 № 673, аз 3.01.2014 № 37, аз 16.10.2014 № 659, аз 30.04.2015 № 284, аз 26.02.2026 № 92)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.02.2009 № 94, аз 5.03.2011 № 147, аз 01.12.2012 № 673, аз 3.01.2014 № 37, аз 16.10.2014 № 659, аз 30.04.2015 № 284, аз 26.02.2026 № 92)


Мутобиқи моддаи 313 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Чжунтай-Данғара Син Силу Текстил"-и ноҳияи Данғара, аз 1 январи соли 2015, имтиёзоти пешбининамудаи моддаи 344 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 12 сол дода шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.02.2009с.  № 94, аз 5.03.2011 № 147, аз 01.12.2012 № 673, аз 3.01.2014 № 37, аз 16.10.2014 № 659, аз 30.04.2015 № 284, аз 26.02.2026 № 92).

2. хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 92).

3. хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 92).

4. хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 92).

5. хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 92).

6. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳисобгирии маблағи имтиёзҳои андозии тибқи қарори мазкур ба корхонаҳои навтаъсис муайянкардашударо, ки ба силсилаи пурраи коркарди нахи пахта ба маҳсулоти ниҳоӣ (аз калобаи пахта то маҳсулоти пахтагини дӯзандагӣ) машғулалд, таъмин намоянд. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати риояи талаботи қисми 7 моддаи 313 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳ монда, дар сурати иҷро нагардидани талаботи он бозгардондани маблағҳои андози имтиёзиро таъмин намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.10.2014 № 659).


Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон               Эмомалӣ Раҳмон

...

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи додани имтиёзҳои андозӣ ба корхонаҳои азнавтаъсисёфта, ки ба силсилаи коркарди пурраи нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ (аз калобаи пахта то маҳсулоти пахтагини дӯзандагӣ) машғуланд

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.02.2009 № 94, аз 5.03.2011 № 147)

Мутобиқи моддаи 344 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба корхонаҳои азнавтаъсисёфтаи коркарди нахи пахта Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд "Хима-текстил"-и ноҳияи Ёвон ва Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи "Олим-текстайл"-и ноҳияи Мастчоҳ аз 1 январи соли 2008 ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд "Спитаментекстайл"-и ноҳияи Спитамен ва Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи "Коттон-текстайл"-и шаҳри Сарбанд аз 1 январи соли 2007 Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Нику-Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд аз 1 январи соли 2008, корхонаи ресандагии дар ноҳияи Ҳисор будаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "АЛМ" аз 1 январи соли 2011, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Нассоҷи-Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд аз 1 январи соли 2008 имтиёзоти пешбининамудаи моддаи 344 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 12 сол дода шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.02.2009с.  № 94, аз 5.03.2011 № 147).

2. Корхонаҳои дар банди 1 қарори мазкур дарҷгардида барои гирифтани имтиёзҳо дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нозироти андози маҳаллӣ ба қайди махсус (алоҳида) гирифта шаванд.

3. Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳисобҳои техникию иқтисодӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ мӯҳлати пешакии сохтмону баистифодадиҳии ҳар сикли коркардро барои корхонаҳои дар банди 1 қарори номбаршуда муайян намуда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур дорад.

4. Ба Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дода шавад, ки дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини назорати гумрукӣ номгӯйи молҳои воридотии аз тарафи корхонаҳои дар банди 1 қарори мазкур номбаршуда пешниҳодшударо, ки аз пардохти боҷи гумрукӣ ва надоз аз арзиши иловашуда озод мегарданд ва бевосита барои зарурияти худи корхонаҳои навтаъсис истифода бурда мешаванд, тасдиқ намояд.

5. Корхонаҳои навтаъсиси коркарди нахи пахта дар хусуси оғози кор тибқи ҳар силсила ва ба кор даровардани ҳар як силсилаи нахи пахта ба Назорати энергетика ва саноат, Назорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сари вақт ахбор пешниҳод намоянд.

6. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳисобгирии маблағи имтиёзҳои андозии тибқи қарори мазкур ба корхонаҳои навтаъсис муайянкардашударо, ки ба силсилаи пурраи коркарди нахи пахта ба маҳсулоти ниҳоӣ (аз калобаи пахта то маҳсулоти пахтагини дӯзандагӣ) машғулалд, таъмин намоянд. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати риояи талаботи банди 6 моддаи 344 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳ монда, дар сурати иҷро нагардидани талаботи он бозгардондани маблағҳои андози имтиёзиро таъмин намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                      Эмомалӣ Раҳмон

аз 1 августи соли 2008, № 380

ш. Душанбе