ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи муқаррар кардани иловапулӣ барои рутбаҳои дипломатӣ ба кормандони хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати дипломатӣ" фармон медиҳам:
1. Ба кормандони хизмати дипломатии дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иловапулӣ барои рутбаҳои дипломатӣ мутобиқи замима муқаррар карда шавад.
2. Ба кормандони хизмати дипломатӣ, ки дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ кор мекунанд, иловапулӣ барои рутбаҳои дипломатӣ дар ҳаҷми 15 фоиз муқаррар карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 12 августи соли 2008 № 509
ш. Душанбе
аз 12 августи соли 2008 № 509
ш. Душанбе
Замима
ба Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 августи соли 2008 № 509
Замима
ба Фармони Президенти
...