ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с, 2003, №4, мод. 151; с, 2007, №7, мод. 696; с. 2009, № 3, мод. 84; с. 2012, №7, мод, 718; с. 2014, №7, қ.2, мод. 424)
(Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 334, аз 26.03.2009 № 491, аз 03.07.2012 № 868, аз 26.07.2014 № 1127, аз 28.08.2017 № 1463, аз 29.01.2021 № 1765)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии таҳсилоти ибтидоии касбиро муайян намуда, фаъолияти субъектҳои сохторҳои таълимию истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ҳангоми гирифтани касб, тайёр намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо дар муассисаҳои таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ равона карда шудаанд, танзим менамояд ().
БОБИ 1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- маълумоти ибтидоии касбӣ - қонеъгардонии мақсадноки талаботи шаҳрвандон тавассути таълим, ки қисмҳои таркибии он метавонанд таълими кадрҳо, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси шаҳрвандоне бошанд, ки маълумоти ибтидоии касбӣ надоранд;
- муассисаи таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ - муассисае, ки дар раванди таълим як ё якчанд барномаҳои таълимии маълумоти ибтидоии касбиро амалӣ намуда, таълим ва тарбияи хонандагонро таъмин менамояд ();
- кормандони муҳандисию педагогӣ - шахсони дорои таҳсилоти дахлдоре, ки дар асоси касбӣ ба таълиму тарбияи хонандагон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ машғуланд ();
- тахассус - дараҷаи касбие, ки дар раванди таҳсилоти ибтидоии касбӣ хонанда аз худ намуда, он бо ҳуҷҷати намунаи давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ тасдиқ карда мешавад ().
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маълумоти ибтидоии касбӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маълумоти ибтидоии касбӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад .
...