Низомнома дар бораи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд аз 3 августи соли 1998, № 301

Санаи амалкуни: 30.11.2018

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2023 № 207 аз эътибор соқит дониста шуд

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "30" ноябри соли 2018, № 563

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "30" ноябри соли 2018, № 563

Таҳрири нав

Таҳрири нав

Низомномаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд

1. Низомномаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд (минбаъд - Низомнома), талабот ва тартиби сарфароз гардонидан ба Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомониро (минбаъд - ҷоиза) муқаррар менамояд.

2. Ҷоиза қадршиносии хизматҳои шоистаи олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар назди ҷомеа ва давлат ба шумор рафта, барои дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, баланд бардоштани лаёқати эҷодии олимону муҳаққиқони ҷавон ва рушду инкишофи иқтидори илмӣ, техникӣ, технологӣ ва инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

3. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои зерин бо ҷоиза сарфароз гардонида мешаванд:

- натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмӣ-техникие, ки дар номгӯи самтҳои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидаанд;

- коркарди намунаи техникаи нав ва технологияҳои инноватсионие, ки иқтидори истеҳсолии ҷумҳуриро таҳким бахшида, ба рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мусоидат менамояд.

4. Довталаби ҷоиза дар соҳаи илм корманди муассисаҳои илмӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҳсилоти касбӣ, мутахассиси соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ мебошад, ки дар рушди илм саҳми арзанда гузошта, дорои дараҷаи илмӣ (номзади илм, доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм, доктори ҳабилитат) буда, ба талаботи сархати якуми банди 3 Низомномаи мазкур ҷавобгӯ мебошад.

...

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 августи соли 1998 № 301

тасдиқ шудааст

Низомнома дар бораи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.08.2006 № 371)

1. Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 1998 № 967 "Дар бораи таъсис додани ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд", ба мақсади рушду инкишофи иқтидори илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳавасманд намудани фаъолияти эҷодии олимони ҷавон аз соли 1998 6 /шаш/ ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ таъсис дода шуд.

Ҳар кадом ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ ба маблағи баробар ба 2000 (ду ҳазор) доллари ШМА муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.08.2006 № 371).

2. Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ ба мақсади зайл дода мешавад:

- барои тадқиқотҳои илмие, ки ба инкишофи илмҳои бунёдӣ, гуманитарӣ, техникӣ, табиатшиносӣ ва тиб мусоидат менамоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.08.2006 № 371);

- барои коркард ва аззсудкунии техника, материалҳо ва технологияи пешқадам, ки суръати афзоиш ва самаранокии пешрафти иқтисодиёту иқтидори мудофиавии мамлакатро мустаҳкам менамоянд.

3. Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ ҳамасола тавассути Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси натиҷаи озмуне, ки ҳар сол як маротиба гузаронида мешавад, дода мешавад.

Эълони гузаронидани озмуни барои гирифтани ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ тавассути ахбори умум таи се моҳи қабл аз конкурс ба табъ мерасад.

4. Дар озмуни барои гирифтани ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ о олимони ҷавон, муаллимони мактабҳои олӣ, донишҷуён, аспирантҳо, инчунин мутахассисони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мегарданд, ба тариқи инфиродӣ ва ё дар ҳайати гурӯҳи муаллифон, ширкат варзида метавонанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.08.2006 № 371).

Гурӯҳи довталабоне, ки барои гирифтани ҷоизаи Исмоили Сомонӣ пешкаш мегарданд, дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ин беш аз се нафар, дар соҳаи илмҳои техникӣ на беш аз чаҳор нафар ва дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ на беш аз ду нафар бояд бошанд.

Синни довталабони ҷоиза дар рӯзи пешбарӣ на бояд аз 35 зиёд бошад. Агар корҳои пешниҳодшуда дарбаргирандаи масъалаҳои ҷавонон бошад, синну соли довталабон дар рӯзи пешбари на бояд аз 45 зиёд бошад.

Ба гурӯҳи довталабон шахсоне, ки барои гирифтани ҷоизаи дигари моҳияти давлатӣ дошта пешбарӣ шудаанд, дохил карда намешаванд.

Барои дарёфти ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ корҳое, ки муаллифони онҳо ба ҷоизаҳои моҳияти давлатӣ дошта, сарфароз гардида бошанд, пешниҳод карда намешаванд.

5. Пешниҳоди корҳо барои дарёфти ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ тавассути вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шӯъбаҳои он, Академияи илмҳои соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шӯъбаҳои онҳо, муассисаҳои илмиию ҷамьиятӣ, иттиҳодияҳо, корхонаҳо, донишкадаҳову данишгоҳҳо ва муассисаҳову корхонаҳои илмӣ сурат мегирад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.08.2006 № 371).

6. Натиҷаҳои илмии тадқиқотҳое, ки барои дарёфти ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ пешкаш мегарданд, бояд нашр гардида бошанд. Ихтироот, конструкцияҳои мошинҳо, материалҳои нав, процессҳои технологӣ ва усулҳои мукаммали истеҳсолот бояд дар асоси асноду ҳуҷҷатҳое, ки тадқиқотҳои амалии онҳоро дар муддати на кам аз як сол тасдиқ мекунанд, барои ҷоизаи Исмоили Сомонӣ пешниҳод мегарданд.

7. Барои гузаронидани озмуни, муайян сохтани низоми пешбарии корҳо ва экспертизаи илмии онҳо дар назди Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи дарьёфти ҷоизаи ба номи Исмоили СОМОНӣ таъсис дода мешавад.

Низомномаи Комиссияи дарёфти ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ ва ҳайати онро Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Дар ҳайати Комиссияҳои коркунони илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаву корхонаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мегарданд.

8. Ба шахсоне, ки сазовори ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ мегарданд, диплом ва нишони фахрӣ, ки Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешакӣ тасдиқ намудааст, супорида мешавад.

Дар ҳолати ба ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардидани гурӯҳи муаллифон маблағи пулии он дар байни аъзоёни гурӯҳ баробар тақсим мегардад.

9. Қарори Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба сарфароз намудани ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар рӯзномаҳо нашр мегардад.

10. Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ такроран дода намешавад.